Дар шаҳри Норак даври шаҳрии Озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» ҷамъбаст шуд

15-02-2024
НОРАК, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони марказии шаҳри Норак даври шаҳрии озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз рӯйи бахшҳо бо диплом ва медал қадршиносӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Дар озмун 18 гурӯҳ аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок ва ҳамаи шартҳои низомномаро бо навбат иҷро намуданд.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, тақвият додани корҳои варзишӣ ва зиракиву тобоварӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» ба 31-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он тақвият додани дӯстиву иттиҳод байни ҷавонон, аз худ намудани «Барномаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар синфҳои болоӣ» ва омода намудани хонандагон ба дифои Ватан мебошад.
Зимни мусобиқа иброз гардид, ки баргузории чунин озмунҳо, ки моҳияти ватанпарастию ватандӯстӣ доранд, дар шароити тезутунд гардидани ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле муҳим ва бамаврид мебошад. Чунин озмунҳо барои омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон нақши бағоят муассир доранд.