ДАР ШАҲРИ ОСТОНА АНҶУМАНИ VII-УМИ ОМӮЗГОРОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ БАРГУЗОР ГАРДИД

11-10-2022
Рӯзҳои 4-7-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Анҷумани VII-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ  баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода 13 нафар кормандону омӯзгорони Вазорати маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Нахуст, дар рӯзи якуми анҷуман дар Донишгоҳи давлатии ба номи Назарбоев ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид, ки дар он 16 масъала вобаста ба рушди ҳамкориҳои соҳаи маориф, аз ҷумла масъалаҳои дар рӯзнома ҷойдошта ва қарори дар Анҷумани VI-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ қабулгардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Инчунин, нимаи дуюми  рӯз дар Мактаби байналмилалии шаҳри Остона дар мавзуи “Таҷрибаҳои тадқиқотӣ оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон” тренинги даставӣ ва шоми рӯз дар “Қасри сулҳ ва ризоият” барои иштирокдорони анҷуман барномаи идонаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид.
5-уми октябр дар Донишгоҳи давлатии ба номи Назарбоев маросими расмии ифтитоҳии Анҷумани VII-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ зери унвони “Маориф дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар воқеияти нав ва дигаргунсозии раванди таълим дар давраи пас аз пандемия” ва дар доираи анҷуман маросими ифтитоҳии Фестивали II-юми байналхалқии маҳорати педагогӣ сурат гирифт, ки кормандону омӯзгорон аз ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Зимни маросими ифтитоҳӣ (ҷаласаи пленарӣ) вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон Асхат Аймагамбетов зикр кард, ки дар давраи пас аз пандемия рақамикунонии соҳаи маориф пурқувват гардид ва ҳоло муҳим аст, ки мувозинат байни технология ва омӯзгори воқеӣ бо диди анъанавии худ ба ҷаҳон пайдо шавад.
-Дар солҳои охир маориф ба таври назаррас тағйир ёфт, ҳодисаи пешгӯинашаванда рӯй дод: пандемия ва рушди босуръати технология. Ин барои рушди маориф дар тамоми кишварҳо меъёрҳои навро ба миён овард. Барои муаллимон фаҳмидани он муҳим аст, ки технологияи рақамӣ дигар рақибони онҳо нестанд, балки иттифоқчиёнанд,-зикр кард А.Аймагамбетов.
Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедов зикр кард, ки Анҷуман на фақат воқеаи барҷаста дар ҳаёти омӯзгорону кормандон, балки як навъ аломати хоси ҷамъият гардид.  Анҷумани VII-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ элитаи илмӣ ва таълимии кишварҳои ИДМ-ро ҷамъ овард, ки натиҷаҳои фаъолияти муштаракро ба таври дастаҷамъӣ арзёбӣ намуда, траекторияҳои имконпазири рушди фазои ягонаи таълимии Иттиҳодро дар давраи пас аз пандемия муайян мекунад.
Дар қатори намояндагони вазоратҳои маориф ва илми дигар кишварҳо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Абдулзода суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа тамоми чораҳои судмандро андешида истодааст. Дар баробари ин, баъд аз пандемия таваҷҷуҳ ба рушди рақамикунонии соҳаи маориф зиёд гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид.
Дар идома, аз ҷониби ноиби вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон Каринова Шолпан Танатовна маросими ҷоизасупорӣ сурат гирифт, ки дар он омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси литсейи «Нурбахш»-и шаҳри Норак Мамлакат Азимова ва мураббияи муассисаи томактабии №149-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Фирӯза Ватаншоева бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи ИДМ» сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, анҷуман ва фестивал аз рӯйи мавзуъҳои “Таҳсилоти ба оянда нигаронидашуда: мундариҷа ва педагогика”, “Баҳодиҳӣ дар соҳаи маориф ва мушкилоти замони мо”, “Рушди арзишҳои умумибашарӣ дар раванди эҷодкорӣ ва ҳамкорӣ, ки ба шахсият нигаронида шудааст”, “Муаллим: мушкилоти муосир ва самтҳои рушд”, “Таҳсилоти иловагӣ: кӯдакон ҷаҳони моро модел мекунанд”, “Табдилоти рақамии маориф: профили мактаби муосир”, “Мактаб - паноҳгоҳи амн барои рушди зеҳнӣ ва ба воя расонидани бехатар”, “Рушди фарогирӣ ва некӯаҳволии донишҷӯён ҳамчун омили тағироти мусбӣ”, “Мутахассисони ҷавон барои ояндаи муваффақиятноки мамлакат” корҳои сексионии худро идома доданд, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳар сексияҳо фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар сексияи «Таҳсилоти ба оянда нигаронидашуда: мундариҷа ва педагогика» муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон С. Сафармамадзода, дар  сексияи «Рушди арзишҳои умумибашарӣ дар раванди эҷодкорӣ ва ҳамкорӣ, ки ба шахсият нигаронида шудааст» декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Ф.Давлатзода ва сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм М.Бобомуродов ва дар номинатсияи «Психолог/педагоги иҷтимоӣ» омӯзгори литсейи №4 барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе Ф.Ахунова дар мавзуи “Шахсият дар ҳамаҷо” бо маърӯза иштирок карданд.
6-уми октябр дар доираи анҷуман Фестивали II-юми байналхалқии маҳорати педагогӣ аз рӯйи бахш ва номинатсияҳои гуногун кори худро идома дод, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчиёни фаъол соҳиби Дипломи фестивал гардиданд.
Дар идома конференсияи ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки намояндагони гурӯҳи назоратии раванди Болония (BFUG), вазоратҳо ва донишгоҳҳои Осиёи Миёна баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода иштирок ва суханронӣ намуд. 
Дар рафти конфронс иштирокдорон, хусусан, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарурати таҳким ва рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ байни кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, ба аҳамият ва зарурати омода намудани механизмҳои мувофиқашуда барои ҳамдигар дар самти эътирофи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот дар доираи фазои таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ, инчунин, таҳияи равишҳои ягонаи таъмини сифати таҳсилоти олӣ дар асоси стандартҳои аврупоӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Инчунин, вазирон ва муовинони вазирони маориф ва илми кишварҳои узви ИДМ ба таври доимӣ ва мунтазам баргузории чунин як конфронсро бо иштироки бевоситаи вазирон ва бо назардошти баррасии масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ва илми минтақа таъкид намуданд. 
Боиси таъкиди хос аст, ки дар доираи конфронси ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ Протоколи иловагӣ оид ба зиёд намудани теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ (аз 50 ба 100) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. 
Дар рафти баргузории анҷуман ва фестивал иштирокдорон аз муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Қазоқистон ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Остона дидан намуда, ҳамзамон аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаҳои фарҳангӣ низ пешниҳод карда шуд.
7-уми октябр Анҷумани VII-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ кори худро ҷамъбаст намуд.
Бояд зикр кард, ки баргузории анҷуманҳои омӯзгорону кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ дар амалияи ҷаҳонӣ ҳодисаи нодир аст. Вижагии чорабиниҳо дар он аст, ки дар он омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии ҳама сатҳҳо: методистҳо, омӯзгорон ва роҳбарони донишгоҳҳо, намояндагони ташкилотҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматии кишварҳои ИДМ, роҳбарони нашриётҳои дар ин соҳа фаъолияткунанда ширкат меварзанд.
Дар ягон минтақаи дигари ҷаҳон ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи маориф ба роҳ монда нашудааст, ки тамоми маҷмуи хизматрасониҳои таълимӣ, аз кӯдакӣ то роҳнамоии касбии ҷавонон, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти калонсолонро дар бар мегирад.
Фарогирии васеи иштирокчиён аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташаккули фазои ягонаи таълимӣ дар ҳама сатҳҳо: таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, баъдидипломӣ ва академӣ идома дорад.
Низомнома дар бораи Анҷумани кормандон ва омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 1 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, баргузории чорабинӣ, муҳтаво ва ҷанбаҳои ташкилии онро ба танзим медарорад ва манбаъҳои маблағгузории онро муайян мекунад. 
Ҳадафи анҷуман рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи маориф тавассути фароҳам овардани шароит барои тавсеаи равандҳои интегралӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳаракати касбии омӯзгорон, такмили системаи маориф тавассути ҷорӣ намудани инноватсия дар равандҳои таълим, ҷустуҷӯи фаъолонаи шаклҳои нав мебошад ва механизмҳои ҳамкории мутақобила, паҳн намудани таҷрибаи самараноки баланд бардоштани маҳорати омӯзгорон, таъмини ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Аз соли 2010 инҷониб анҷуманҳо ба таври мунтазам дар ду сол як маротиба баргузор шуда истодаанд. То ин замон, анҷуманҳо дар ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Қирғизистон ва Тоҷикистон барпо гардида буданд. Ҳамакнун, Анҷумани VII-уми омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, дар назар аст, ки анҷумани навбатӣ соли 2024 дар Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Шӯрои сарони ҳукуматҳо дар соли 2015 таъсис додани нишони сарисинагии «Аълочии маорифи ИДМ» низ аз ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар ин самт гувоҳӣ медиҳад. Нишони сарисинагӣ мукофоти олии Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ буда, ба кормандони мақомоти маориф, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимии давлатҳои аъзои ИДМ барои саҳми арзанда дар рушди фазои ягонаи таълимии ИДМ дода мешавад. Дар чаҳорчӯби анҷуманҳои IV, V ва VI 75 нафар омӯзгорони кишварҳои узви ИДМ барои хизматҳо дар таъсиси муассисаи таълимии умумииттифоқӣ бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» сарфароз гардонида шудаанд.
Э.ХУШБАХТ