Дар соли нави хониш дар Тоҷикистон 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Россия бунёд мешавад. Имрӯз- Рӯзи байналмилалии забони русӣ

06-06-2018
Имрӯз, 6 июн  дар аксари  мамлакатҳо  ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони русӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ба рӯзи таваллуди нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи рус А.С. Пушкин  рост меояд. Забони русӣ яке аз шаш забони расмии СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки ба омӯзиши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
4 апрели соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки дар он, аз ҷумла, зикр гардида буд: «Такмили ҳамаҷонибаи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шавад».
Ҳарчанд Фармон ба таълими ду забон дахл дошта бошад ҳам, вале Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таъкид доштанд, ки «забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст».   Ба андешаи Пешвои миллат, забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ  «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015– 2020»-ро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд.
Дар робита ба Рӯзи байналмилалии забони русӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»:  Айни замон дар ҷумҳурӣ  чанд муассисаи таҳсилоти умумии бо забони русӣ  фаъолияткунанда мавҷуданд?
Эҳсон Хушвахтов: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони соҳибистиқлолӣ  ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити давлатдории навин барои рушди забони русӣ  ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо заминаи ҳуқуқӣ  фароҳам овардааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ  26 муассисаи таҳсилоти умумии бо забони русӣ  фаъолияткунанда мавҷуданд. Инчунин дар 149 муассиса синфҳои русӣ амал мекунанд. Дар муассисаҳои мазкур 188 618 нафар хонандагон дар синфҳои русӣ  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
АМИТ «Ховар»:  Иҷрои бандҳои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дарҶумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» дар кадом сатҳ аст?
Эҳсон Хушвахтов: Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасдиқ шудааст.
Мақсади барнома аз рушд, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ  ва англисӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Низоми чорабиниҳои зарурии дар ин Барнома пешбинигардида баҳри сифатан беҳтар гардонидани таълим ва самарабахш аз худ намудани забонҳои русӣ ва англисӣ дар фазои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, барои такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ  ва англисӣ  дар шароити бисёрзабонӣ  ва таъмини бемайлони омӯзиши забонҳои русӣ  ва англисӣ  дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, дар заминаи китобҳои дарсӣ  ва технологияҳои инноватсионии муосир, ки бо назардошти вижагиҳои забони модарӣ  ва фарҳанги миллӣ таҳия гардидаанд, бештар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Метавон гуфт, ки дар назди Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ташкил намудани Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ барои муассисаҳои таълимӣ  аз фанҳои забони русӣ  ва англисӣ  ва кушодани шуъбаҳо доир ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи тарҷумонӣ  дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур мебошад, ки пурра  иҷро шудаанд. Бандҳои дигари Барнома, ки ба беҳсозии сифати таълиму тадрис нигаронида шудаанд, ҳамасола дар марҳилаҳои гуногун мавриди иҷро қарор мегиранд.
Инчунин бо мақсади иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои барнома ҳамасола аз тарафи омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ  як зумра маводи таълимию методӣ  ба нашр расида, дастраси омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ мегарданд. Ҳамчунин дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар минтақаҳо омӯзгорони ин фан аз такмили ихтисос мегузаранд. Соли таҳсили 2017 – 2018 дар Донишкадаи ҷумҳуриявӣ тибқи шартномаи байнидавлатӣ  аз тарафи омӯзгорони Федератсияи Россия барои омӯзгорони ҷумҳурӣ курсҳои такмили ихтисос ташкил карда шуданд, ки дар онҳо омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо усули нав аз навигариҳои омӯзиши фанни забони русӣ хабардор шуда, соҳиби маводи зиёди таълимӣ шуданд.
АМИТ «Ховар»:  Ҳоло ҳам дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ норасоии муаллимони забони русӣ эҳсос мешавад.Муассисаҳои таҳсилоти умумии кадом минтақаҳо асосан ба омӯзгорони забони русӣ ниёз доранд?
Эҳсон Хушвахтов: Мутобиқи маълумоти оморӣ,  соли таҳсили 2017 – 2018 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ  8536 омӯзгор аз фанни забони русӣ дарс мегӯянд. Аз ин шумора 7193 нафарашон (84,3%) омӯзгори ихтисосманданд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе – 687 нафар, омӯзгорони ихтисосоманд 626 нафар (91,1%), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  1828 нафар, омӯзгори ихтисосманд 1405 нафар (76,8%), дар ВМКБ – 434 нафар, 391 нафар (90,1%) омӯзгори ихтисосманд, дар вилояти Суғд – 2620 нафар, омӯзгори ихтисосманд 2289 нафар (87,4%), дар вилояти Хатлон 2967 нафар, 2482 нафар (83,6%) омӯзгори ихтисосманд.
Дар умум, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ  1343 нафар омӯзгори ғайриихтисос аз фанни забони русӣ дарс мегӯянд, ки 15,7%-ро ташкил медиҳад.
Сабаби асосии ба омӯзгорони ғайриихтисос тақсим намудани соатҳои фанни забони русӣ-  ин норасоии омӯзгорони ихтисосманд ба шумор меравад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шумораи зиёди омӯзгорони ғайриихтисос ба назар мерасад, ки ин 23,2% -ро аз шумораи умумӣ ташкил медиҳад.
АМИТ «Ховар»:  Моҳи сентябри соли хониши нав аз Федератсияи Россия боз омӯзгорони фанҳои гуногун ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Ин омӯзгорон ба мактабҳои кадом минтақаҳои ҷумҳурӣ фиристода мешаванд?
Эҳсон Хушвахтов: Тибқи шартномаи байнидавлатӣ,  барои соли хониши 2018 – 2019 Федератсияи Россия боз 30 омӯзгори фаннӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон мекунад. Аз 29 омӯзгоре, ки қаблан фаъолият доштанд, 8 нафарашон ба Федератсияи Россия бармегарданд ва 21 нафар дубора омада, корашонро идома медиҳанд. Дар умум, 51 нафар омӯзгор аз соли хониши нав ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Мувофиқи дархости шуъбаҳои маориф муассисаҳои таълимӣ имсол омӯзгорони фанни забони русиро зиёдтар талаб  кардаанд. Омӯзгорони рус ба муассисаҳои таълимии тамоми минтақаҳо тибқи талаботи муассисаҳо сафарбар карда мешаванд. Яъне, ба вилояти Хатлон 7 нафар, Суғд 8 нафар, ВМКБ 2 нафар, шаҳри Душанбе 6 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  6 нафар сафарбар карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»:  31 майи соли равон дар вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Вазири маорифпарварии Федератсияи Россия Василева Олга Юревна вобаста ба  сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  аз ҷониби Федератсияи Россия изҳори андеша карда шуд...
Эҳсон Хушвахтов: Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Россия сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русиро ба тариқи грант дар Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.
Тибқи розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»