ДАР СУҒД ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “БОЗИҲОИ МИЛЛӢ” ДОИР ГАРДИД

15-03-2022
13-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр» - и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода даври вилоятии озмуни “Бозиҳои миллӣ” баргузор карда шуд. 
Раҷаббой Аҳмадзода-раиси вилоят зимни суханронии худ эҳёи бозии қадимаи ниёгони тоҷик - бозиҳои миллиро муҳим арзёбӣ намуда, аз иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ истиқбол намуд ва аз дастовардҳои маҳфилҳои равияи техникии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд шиносоӣ пайдо намуд. 
Дар идома раиси вилоят аз рафти бозиҳо дар бахшҳои озмун боздид ба амал оварда, ба маҳорату малакаи хонандагон баҳои баланд дод. Ҳамзамон, аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода ба беш аз ҳазор нафар бозингарони фаъол ва кӯдакони хурдсол тӯҳфаҳои Наврузӣ ҳадя карда шуд. 
Лозим ба таъкид аст, ки дар даври вилоятии озмуни “Бозиҳои миллӣ” аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов беш аз 5 ҳазор нафар хонанда иштирок намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз бахши “Лалакпаронӣ” Ҳакимов Абдукарим - хонандаи синфи 7-и МТМУ № 27-и шаҳри Хуҷанд, бахши "Бодбаракпаронӣ" Мусоидов Азизҷон - хонандаи синфи 8-и МТМУ № 36-и шаҳри Истаравшан, бахши "Хаппакбозӣ" Исмоилзода Маърифат - хонандаи МТМУ № 3-и шаҳри Бӯстон, бахши "Лакпарбозӣ" Ҷӯраева Сулҳия - хонандаи синфи 6-и МТМУ №3-и шаҳри Бӯстон, бахши "Ланкабозӣ" Маҳмадзуҳуров Муҳаммад - хонандаи синфи 7-и МТМУ №27-и ноҳияи Спитамен, бахши "Ошуқбозӣ" Ашӯров Ҳасанҷон - хонандаи синфи 8-и МТМУ №50-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бахши "Чиллакбозӣ" Ниёзқулова Рухшона аз шаҳри Гулистон, бахши "Арғамчинбозӣ" Тухтаева Азиза - хонандаи синфи 7-и МТМУ №22-и шаҳри Конибодом сазовори ҷойи аввал гардиданд. 
Ҳамчунин, 50 нафар бозингари беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷойҳои дуввум, сеюм ва ифтихориро сазовор гардиданд. Дар ҷамбаст ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд. 
Қобили зикр аст, ки озмуни вилоятии “Бозиҳои миллӣ” беш аз 20 сол инҷониб бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии Суғд аз рӯи бахшҳои “Лалакпаронӣ”, “Бодбарак”, “Чиллак”, “Ошуқ”, “Ҳаппак”, “Арғумчинбозӣ”, “Лакпар” ва “Ланкабозӣ” ташкил ва баргузор карда мешавад.