ДАР ТОҶИКИСТОН РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВОДНОКӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

19-10-2022
Охири моҳи сентябр ва аввали моҳи октябри соли ҷорӣ Вазорати маориф ва илм бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз аҳамияти китобхонӣ барои рушди устувори ҷомеа дар доираи Лоиҳаи ЮСАИД “Биё, ҳамроҳ омӯзем” дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Файзобод, Шуғнон, Бохтар ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Рӯзи байналмилалии саводнокиро таҷлил намуд, ки дар чорабиниҳои бахшида ба ин рӯз намояндагони Вазорати маориф ва илм, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, лоиҳаи ЮСАИД, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорон, омӯзгорон ва китобдорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагону волидай иштирок намуданд.
Дар чорабиниҳо дар қатори суханрониҳои расмӣ маҳсули эҷод ва барномаҳои театрикунонидашудаи синфҳои ибтидоии хонандагон ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби хонандагон бахшида ба Рӯзи байналмилалии саводнокӣ шеърҳо қироат када шуд.
Дар баробари ин, хонандагон ба иҷрои корҳои амалӣ дар бахшҳои “Хониш”, “Математика” ва “Омӯзиши эҳсосотӣ-иҷтимоӣ” ҷалб гардиданд.
Дар бахши “Хониш” хонандагон дар бораи аҳамияти китобхонӣ, вобаста ба сину сол интихоб намудани китоб ва роҳҳои ҳаяҷоновари китобхонӣ маълумот пайдо намуданд. Дар бахши “Математика” хонандагон ба бозиҳои гуногуни математикӣ, ки барои бедор кардани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши математика ва мустаҳкам кардани малакаҳои математикӣ равона шудаанд, ҷалб карда шуданд ва ҳадаф аз он ба хонандагон фаҳмонидани муҳимият ва ҷолиб будани фанни математика мебошад. Дар бахши “Омӯзиши эҳсосотӣ-иҷтимоӣ” хонандагон дар чорабиниҳои гуногун иштирок намуда, дар бораи эҳсосот ва роҳҳои идора кардани эҳсосоти худ маълумот пайдо намуданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ аз ҷониби созмондиҳандагони чорабиниҳо ба хонандагон шаҳодатномаву туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи ЮСАИД “Биё, ҳамроҳ омӯзем” ба Вазорати маориф ва илми Љумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои муттасили таҳсилоти ибтидоӣ кумак намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат менамояд. Ҳадафи асосии лоиҳа таҳкими асосии таълимии хонандагони синфҳои 1-4, бахсус, тавассути беҳтар кардани малакаҳои дарки маъно, тафаккури интиқодӣ ва дониши математикӣ мебошад.