ДАР ҶУМҲУРӢ: 3884 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ, 124593 НАФАР ОМӮЗГОР ВА 2033900 НАФАР ХОНАНДА

13-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Таҳсилоти умумӣ ба ташаккули шахсият асос гардида, ҷиҳати рушди он таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Айни ҳол, теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3884 ададро ташкил дода, аз онҳо 315 муассиса таҳсилоти ибтидоӣ, 442 муассиса таҳсилоти умумии асосӣ ва 3127 муассиса миёнаи умумӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои типи нав 146 адад буда, аз ҷумла 75 ададро гимназия ва 71 ададро литсей ташкил медиҳад.
Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 124 593 нафар (74 046 зан) ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии омӯзгорон 92 224 нафар (50 708 зан) -74,1% дорои таҳсилоти олӣ, 30 578 нафар (21 965 зан) -24,5% дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 1791 нафар (1368 зан) -1,4% дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.
Дар иртибот ба ин, сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои маориф вазифадор карда мешаванд, ки тибқи дастури вазорат ҷиҳати ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаро гирифтани омӯзгорони бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолияткунанда чораҳои фаврӣ андешанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2033900 нафар (980 766 духтар) хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи сифати таҳсилот ва натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ тибқи пешниҳоди сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маориф ҷамъбаст гардида, маълум карда шуд, ки сифати таҳсилот ба 50,6% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 97,5% баробар аст, вале санҷишҳои гурӯҳҳои кории вазорат нишон дод, ки ин нишондиҳанда 39,5 ва 98% буда, сифатнокӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1% зиёд аст.
Муқоисаи баҳои ҷамъбастии раёсату шуъбаҳои маориф ва гурӯҳҳои кории вазорат муайян намуд, ки омӯзгорон ба меъёри баҳогузорӣ риоя намекунанд. Чунончи, маълумоти раёсату шуъбаҳои маориф дар хусуси азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сифати таҳсилот дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ашт, Зафаробод, Спитамен, Кӯшониён, Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Восеъ, Балҷувон, Дарвоз, Ишкошим, Варзоб, Файзобод, Роғун аз меъёр зиёд нишон дода шудааст.
Аз ин рӯ, сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои маориф вазифадор мегарданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилотро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, меъёри баҳогузориро риоя намоянд. Ҳамзамон, раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ вазифадор карда мешавад, ки азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он маълумоти муфассал пешниҳод намояд.