ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ҲАМАРӮЗА АЗ СОАТИ 15:00 ТО СОАТИ 17:00 ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД

28-07-2020
 
   Мушоҳидаҳои солҳои қаблӣ нишон дод, ки ҳар сол пеш аз оғози соли нави таҳсил ва баъд аз тақсимоти довталабон аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардида, ҳамарӯза аз даҳ то сад нафар шаҳрванд ба дастгоҳи марказии вазорат муроҷиат менамояд.
   Бо мақсади расидагӣ ба дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳо илова ба рӯзи шанбе ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 17:00 дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм қабули шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад. 
  Қабули шаҳрвандон аз ҷониби вазир, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм роҳандозӣ шуда, то оғози соли нави таҳсил идома меёбад.

  P.S. Аксҳо аз ҷараёни қабули шаҳрвандон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санаи 28.07.2020, соати 16:12.







Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон