ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ НАМОЯНДАГИИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ТАЪСИС ЁФТ

15-12-2020
 
   15-уми декабри соли равон дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъсис додани филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва аз ҳисоби ҷавонони вазорат интихоб намудани раис ва муовинони ӯ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзиданд.
   Дар рафти ҷаласа Ҳ. Вализода - сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм, У. Раҳимзода – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, М.Бадалова – раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикр карданд, ки дар давраи муосир барои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, ки дар марҳилаи гузариш қарор дорад, зоҳир намудани таваҷҷуҳ ба иштироки фаъоли ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ, таъсис додани ҷамъияти бонуфуз ва муташаккил хеле муҳим ва мубрам аст.
   Инчунин, таъкид гардид, ки тибқи Оинномаи худ мақсади асосии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон инъикос, ҳимоя ва амалӣ намудани ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, фароҳам овардани шароит барои инкишофи озод, худшиносӣ, ваҳдат, ошкор кардани қобилияти эҷодӣ, ғанӣ гардонидани маданияти маънавию сиёсии ҷавонон, мададкорӣ дар бунёди ҷомеаи дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёду инсонпарвар мебошад.
   Сипас, дар рафти ҷаласа Манучеҳр Сулаймонзода-сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вазорат, Нодира Ҳасанзода-мутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Далер Ҳайдаров-мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм ба ҳайси муовинони раис интихоб гардиданд. 
Мавзуна Убайдуллоева