ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» БАРГУЗОР ГАРДИД

30-04-2021
30-юми апрели соли равон дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-44 даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. 
Озмуни мазкур аз рӯЙи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра ва геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология ва анатомия), технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ сурат гирифта, дар он 11 нафар кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои тобеи он, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуданд. 
 Тибқи баҳогузории аъзои ҳакамон Сулаймон Қурбонов – ходими калони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ дар номинатсияи математика, Исломҷон Ниматов – сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, Азмиддин Убайдов – аспиранти Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ дар номинатсияи физика ва астрономия, Меҳрибону Султонова – омӯзгори фанни биологияи Литсей барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар номинатсияи ботаника, зоология, анатомия, Амирҳамза Нозиров – роҳбари маҳфили “Химия”-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар номинатсияи химия бо гирифтани холҳои бештар сазовори ҷойҳои якум гардиданд. 
Суннатуллоҳи Мирзо