Дари дӯстӣ боз шуд

13-03-2018
Мо, се хоҳарон, дар солҳои гуногун мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар риштаи омӯзгорӣ хатм кардаем. Аммо қариб бист сол мешавад, ки дипломҳои хатми моро эътироф намекарданд ва дар ҷойи кор ёфтан ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегаштем. Рости гап, қариб аз баҳри дипломҳо баромада, думболи касби дигарро мегирифтем. Хушбахтона, оғози баҳори имсол насими форами ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ чеҳраҳоро шоду дилҳоро фараҳ бахшид ва аз нияти неку азми қавии сарони ҳар ду мамлакати ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон дарак дод, ниҳоят, муносибати бародархондагӣ эҳё гардид. Ҳамаи ин аз баракати Президентҳои ҳар ду мамлакат мебошад, ки ба орзуву омоли халқҳои худ расиданд ва дарвозаҳои дӯстиро кушоданд. Басо рамзист, ки Президенти ҷумҳурии мо Шавкат Мирзиёев ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарвозаи рамзиеро туҳфа кард, ки ҳамеша боз аст. Дар мулоқоти сарони ҳар ду кишвар қариб сӣ адад созишнома ба имзо расиданд, ки тамоми муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар ду мамлакатро барқарор карданд. Боварӣ дорем, ки баъди ин муносибатҳои аҳли маориф ҳам устувор гашта, ба манфиати насли навраси ҳар ду мамлакат масъалаҳои таълиму тарбия ва эътирофу баробарарзишии диплому ҳуҷҷатҳои таҳсилот ҳам ҳалли худро меёбанд.
Гулшаной Аслонова,
омӯзгори мактаби №50,
Рӯшаной Аслонова,
омӯзгори мактаби №26,
Наргиз Аслонова,
омӯзгори мактаби №20,
деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти 
Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон