ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «STEM» ДАР ШАҲРИ ГААГАИ ШОҲИГАРИИ ҲОЛАНД

16-07-2024
Рӯзҳои 10-16 июли соли 2024 дар шаҳри Гаагаи Шоҳигарии Ҳоланд, 4-умин Олимпиадаи байналмилалии «STEM» аз фанҳои табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 8 нафар хонандагон аз Муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуданд.
Дар даври ниҳоиии олимпиадаи мазкур зиёда 700 нафар иштирокчиён аз 30 кишвари дунё байни ҳам рақобат карданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар даврҳои интихобии олимпиадаи мазкур 22 ҳазор хонанда ва 1350 муассиса аз 107 кишвари дунё иштирок намуданд.
Дар даври ниҳоии сабқати илмӣ хонандагони тоҷик ба гирифтани 5 ҷойи III (3 ҷой аз фанни математика ва 2 ҷой аз фанҳои табиатшиносӣ) ноил гардиданд.