Дастовардҳо назаррасанд

01-02-2019
1 феврали соли 2019 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, муовини якум Раҳматулло Мирбобоев, муовинони вазир Сайфиддин Давлатзода, Фатҳиддин Усмонзода, Латофат Назирӣ ва сардорони раёсат ва зерсохторҳои вазорат иштирок карданд. 
Нуриддин Саид иброз дошт, ки рушди устувор ва самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобастагӣ дорад. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим ва афзалиятнок сол аз сол зиёд мегардад. Аз ҷумла, соли 2018 барои соҳаи маориф 3 млрд. 863 млн. 64 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Маблағгузорӣ ба соҳа дар соли 2019-ум 4 млрд. 400,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. 
Дар зинаи таҳсилоти томактабӣ давра ба давра фаро гирифтани кӯдакон зиёд гардида, айни ҳол дар 619 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 93 307 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар баробари муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ 1 666 адад Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 45 476 кӯдак фаъолият менамояд. Теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 млн. 970 ҳазор нафарро (1млн. 21 ҳазору 280 духтар) ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 63 698 хонанда, аз ҷумла 34 224 духтар зиёд мебошад. Соли 2018 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 22 9452 нафар ба синфи 1 фаро гирифта шуд.
Дар идома вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот бо истифода аз модулҳои таълимӣ синфҳои ибтидоӣ пурра, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фанҳои забони модарӣ, математика, технологияи меҳнат ва фанҳои табиатшиносӣ ба муносибати босалоҳият ба таълим гузаронида шуданд. Дар назар аст, ки моҳи сентябри соли 2019 фанҳои забоншиносӣ-лингвистӣ ва сентябри соли 2020 фанҳои дақиқ, табиӣ ба муносибати босалоҳият ба таълим гузаронида шаванд. Ҳамин тариқ, талаботи Стратегияи рушди маориф то соли 2020 дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ иҷро мегардад. Ислоҳоти соҳаи маориф, ки ҳадафи асосиаш ба баланд бардоштани сифати таҳсилот равона шудааст, ба азхудкунии пурраи таълим ва баланд шудани сифати таҳсилот мусоидат мекунад.
- Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илм чанд соли охир пеш гирифтаву аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ мебошад. Соли 2018 хонандагони кишвар дар 22 олимпиадаи байналмилалӣ, аз ҷумла, 17 олимпиадаи фаннӣ ва 5 олимпиадаи лоиҳавӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чехия, Словакия, Португалия, Япония, Хитой ва Озарбойҷон баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 260 медал (56 медали тилло, 92 медали нуқра, 112 биринҷӣ) гардиданд.
- Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳазору 354 нафар қабул гардид. Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2018-2019 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати таҳсил барои таҳсилоти дуюми олии касбӣ 2 ҳазору 495 нафар, барои идомаи таҳсил пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 5 ҳазору 674 донишҷӯ қабул гардид. Инчунин, 2 ҳазору 50 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. 
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид зикр намуд, ки соли 2018 аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар 1244 нафар довталаб тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуд. Соли 2018 дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 5220 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои ба иқтисодиёти миллии кишвар зарур барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ фиристода шуданд. 
Соли 2018 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 151 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Нишасти матбуотии вазорати маориф ва илм тавассути саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Ба саволҳои кормандони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ, ки оид ба фаъолияти вазорат нигаронида шуда буданд, аз ҷумла, таъмини мактабҳои таълимашон бо забони русӣ бо китобҳои дарсӣ, қабул ва таҳсили донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи саводнокии аҳолӣ ва норасоии мактабҳо дар ҷумҳурӣ, муассисаҳои таълимии аз ҷониби Федератсияи Россия сохта мешаванд, шароити таҳсил барои ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон, теъдоди духтарҳо аз ҳисоби хатмкунандагони равияҳои омӯзгорӣ ва шумораи бонувони роҳбарикунанда дар соҳаи маориф, таносуб байни донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва чанде дигар вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Н. Саид, муовини якуми вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев, муовини вазири маориф ва илм С. Давлатзода ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда доданд.
Н. Охунзода