ДАВРИ СЕЮМИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ХИРАД МОРО БА ДОНИШ РАҲНАМУН АСТ...» ОҒОЗ ГАРДИД

17-05-2024
17 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино даври сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хирад моро ба дониш раҳнамун аст...» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 миёни донишҷӯёни болаёқату соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз гардид.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз 47 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ намояндаи 42 муассиса бо теъдоди 470 нафар иштирок намуда, аз рӯйи 15 фанни таълимӣ байни ҳам сабқат менамоянд.
Дар қисмати ифтитоҳии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, муовинони вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ва Дилшод Сафарзода, раиси шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Маҳмадшоҳ Гулзода, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар оғози олимпиада вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории озмун таблиғи донишҳои назариявӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, инкишоф додани неруи ақлӣ, баланд бардоштани савияи дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тафаккури донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. Ҳамасола шумораи иштирокчиён ба маротиб меафзояд, ки ин нишонаи боризи рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар мебошад.
Дар идома сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи Президент суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавони моро зарур аст, ки ҳарчи бештар ба илмҳои дақиқу бунёдӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ рӯ оварда, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархурдор гарданд. Барои ин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва махсусан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконияту шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сипас, довталабонро бо шартҳо ва тартиби баргузории озмун шинос намуданд.
Бояд гуфт, ки гузаронидани олимпиадаи мазкур барои ташаккул ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон