Даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт» доир гардид

14-05-2024
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» байни хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун бо мақсади дарёфт ва ҳавасманд гардонидани кӯдакону наврасони соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе ва дар ин замина мусоидат ба рушди маънавию зеҳнӣ, фароҳам овардани шароит баҳри такомул додани завқу истеъдод, тарбияи фарҳангиву эстетикӣ, ҷалб намудани насли наврас ба корҳои эҷодиву ҳунарӣ ва дар вақти холигӣ фаро гирифтани онҳо ба корҳои муфид гузаронида мешавад.
Дар назар аст, ки ҳамоиши ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардад.