ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

10-12-2019
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиллоъ медиҳад, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» даври ниҳоии он 11-14-уми декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор мегардад. 
Қисмати ифтитоҳии озмун рӯзи 11-уми декабри соли 2019, соати 9:00 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» доир гашта, сипас иштирокчиён барои оғози сабқат ба толорҳои алоҳида, ки барои ҳар як номинатсияи чорабинии мазкур омода гардидаанд, сафарбар мегарданд.
Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз рӯи номинатсияи 1 - «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик» дар толори ошиёнаи 9, номинатсияи 2 - «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик» дар толори ошиёнаи 2, номинатсияи 3 - «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» дар толори ошиёнаи 1, номинатсияи 4 - «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» дар толори ошиёнаи 1 ва аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо-Шоҳҷоиза дар толори ошиёнаи 3 баргузор хоҳад шуд.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон