ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11 – И МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ КИШВАР ОҒОЗ ГАРДИД

28-03-2024
28-уми марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии кишвар оғоз гардид. Дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои асосии раванди таълими муосир дар шароити ҳамгироии фазои таълимӣ дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавону эҷодкор ва ботафаккур мебошад. Чунин чорабиниҳое, ки ба ҳалли ин масъала нигаронида шудаанд, пеш аз ҳама олимпиадаҳо ба ҳисоб мераванд ва яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Сипас, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода суханронӣ намуда, намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос карданд. Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаҳои мазкур 1127 нафар хонанда аз фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ иштирок мекунанд. Олимпиадаи мазкур рӯзҳои 28 - 31-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардида, натиҷаи он пас аз ҷамъбаст эълон мегардад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон