ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ ВА ОЛИМПИАДАҲОИ НОМӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

29-04-2020
Рӯзҳои 18-19-уми апрели соли 2020 барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» ва барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисҳои таҳсилоти умумӣ ва олимпиадаҳои номӣ баргузор гардид. 
Дар олимпиадаҳои мазкур аз рӯи 13 фанни таълимӣ, 945 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуда, 344 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (53 медали тилло, 92 медали нуқра ва 198 медали биринҷӣ) гардиданд. 
Аз рӯи натиҷаҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе соҳиби 119 ҷойи ифтихорӣ (26 медали тилло, 30 медали нуқра ва 63 медали биринҷӣ), вилояти Суғд 99 ҷойи ифтихорӣ (15 медали тилло, 30 медали нуқра ва 54 медали биринҷӣ), вилояти Хатлон 81 ҷойи ифтихорӣ (8 медали тилло, 24 медали нуқра ва 49 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 32 ҷойи ифтихорӣ (4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ) ва ВМКБ 13 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ) гардиданд. 
Тибқи низомномаи олимпиадаҳои мазкур ғолибон бо Дипломи дараҷаи 1, 2, 3, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, инчунин, барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисос мутаносибан соҳиби 100, 75 ва 50 бал иловагӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки иштирокчиёне, ки дар даври чоруми Олимпиада аз 90 то 100 холро ба даст меоранд, сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо туҳфа, медал, «Дипломи дараҷаи 1» ва «Тавсиянома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегарданд ва ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисоси соҳаи омӯзгорӣ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.