ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2019” ОҒОЗ ГАРДИД

08-01-2020
8-уми январи соли 2020 дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2019” оғоз гардид.
Дар  чорабинӣ Л. Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм, Р. Одиназода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, ҳайати ҳакамон, кумитаи тадорукоти озмун ва ғолибони даври минтақавию вилоятӣ иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии хеш Л. Назирӣ иштирокчиёнро шодбош гуфта, мақсад аз баргузории озмунро баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни таҳсилоти томактабӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии  муассисаи таълимии томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати  касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа арзёбӣ намуд.
Дар идома ҳакамон шартҳо ва тарзи баргузории даври ҷумҳуриявии озмунро муаррифӣ намуданд.
Дар озмун Атомамадова Ангома-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ, Тағоева Ойтилло мураббияи кӯдакистони №1-и шаҳр, Нурматова Розия мураббияи муассисаи томактабии №15-и шаҳри Конибодоми, Қудратова Марҳабо мураббияи муассисаи томактабии №72-и шаҳри Душанбе ва Сатторова Шабнам-мураббияи муассисаи томактабии №1-и ноҳия Шаҳринав ҳунару маҳорати худро месанҷанд.
Озмун тибқи шартҳои низомнома ду рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбастӣ ва супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон таърихи 10-уми январи соли 2020 дар толори Вазорати маориф ва илми дар назар дошта шудааст.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО