ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2020” ОҒОЗ ГАРДИД

07-01-2021
     7-уми январи соли равон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Латофат Назирӣ-муовини вазир,  кормандони Вазорати маориф ва илм, аъзои ҳакамон ва довталабони озмун даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” оғоз гардид.
     Зимни сухани ифтитоҳӣ М.Имомзода-вазири маориф ва илм зикр кард, ки ҳамасола гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” дар рушди касбияти беҳтарин мутахассисони соҳа мусоидат менамояд.
     - Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави  дастуру таъкидҳои Пешвои миллат таҳсилоти томактабиро яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф меҳисобад ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст,-зикр кард М.Имомзода. -Бо дастгирии Ҳукумати кишвар шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 678 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 97164 кӯдак расидааст, ки дар муқоиса бо соли таҳсили 2019-2020 16 муассиса зиёд мебошад.
     Мақсади асосии озмуни имсола,  пеш аз ҳама, дарёфти истеъдодҳо, мураббияҳои навовару эҷодкор дар соҳа мебошад. Дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати  касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои муҳими озмун мебошад. 
     Сипас, муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ таъкид кард, ки тибқи Низомномаи озмун довталабон дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 6 номинатсия: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбӣ, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, машғулияти таълимӣ ва тасвир ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон донишу малака ва маҳорати касбии худро пешниҳоди аъзои ҳакамон мегардонанд.
     Ёдовар мешавем, ки дар озмуни имсола 5 нафар-Гулнора Оймадова-мураббияи муассисаи томактабии №6-и ноҳияи Данғара, Шаҳло Неъматзода-мураббияи муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Сино, Шаҳноза Раҳимова-мураббияи муассисаи томактабии №7-и шаҳри Ҳисор, Наргис Шарипова-мураббияи муассисаи томактабии №3-и ноҳияи Рӯшон ва Таҳмина Ҳоҷибоева-мураббияи муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доранд.
     Даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” рӯзи 9-уми январи соли ҷорӣ ҷамъбаст мегардад.