ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023» ОҒОЗ ГАРДИД

21-09-2023
21 сентябри соли 2023 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон - 2023» оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он Зиёдулло Абдулзода - муовини вазири маориф ва илм, кумитаи тадорукотии озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок доштанд.
Зиёдулло Абдулзода - муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳ иброз намуд, ки озмуни мазкур ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалиятҳои таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эъҷодкор, қадрдонии меҳнати ӯ ва баланд бардоштани мақому манзалаташ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар озмун иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯи шаш шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии довталаб, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ – педагогӣ, машғулияти таълимӣ ва тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ҳунару маҳорати худро месанҷанд.
Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон - 2023» дар муассисаи таҳсилоти томактабии №136-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 3 рӯз довом намуда, ҷамъбасти он 23-юми сентябр дар назар дошта шудааст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон