Даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2019” оғоз гардид

16-01-2020
16–уми январи соли 2020 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2019 ” оғоз ёфт.
Дар маросими ифтитоҳи озмун Л.Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм, А. Наҷмиддинов – раиси ҳакамон, муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, кумитаи тадорукот, ҳайати ҳакамони озмун ва ғолибони даври минтақавию вилоятӣ иштирок карданд.
Л. Назирӣ-муовини вазир зимни суханронии худ иброз намуд, ки мақсад аз гузаронидани озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод ва муаррифӣ намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, ҳамчунин баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа мебошад.
Дар идома А. Наҷмиддинов–муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, раиси ҳакамон тартиби баргузорӣ ва шартҳои озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2019”-ро барои иштирокчиён шарҳ дод. 
Тибқи иттилои Қ.Муҳиддинзода-сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва аъзои кумитаи тадорукот дар озмун Мамадназарбеков Ризоалӣ–омӯзгори фанни физикаи мактаб–интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон, Турсунзода Некрӯз–омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб, Каримова Дилафрӯз-омӯзгори фанни забони англисии литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд, Раҳимов Саидкарим-омӯзгори фанни таърихи мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе ва Соҳибова Ҳабиба-омӯзгори фанни ҳуқуқи литсей ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат иштирок намуда, донишу маҳорат, малака ва истеъдоди худро месанҷанд.
Озмун се рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбаст ва супоридани ҷоизаву туҳфаҳо ба ғолибон рӯзи 18–уми январи соли 2020 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.


С.Абдиев,
М.Убайдуллоева