ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2020” ОҒОЗ ГАРДИД.

11-01-2021
11-уми январи соли равон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он М. Имомзода-вазири маориф ва илм, Л.Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм, кумитаи тадорукот, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок карданд.
М. Имомзода-вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки мақсад аз гузаронидани озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод ва муаррифии таҷрибаи пешқадами педагогии онҳо дар миёни кормандони соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, ҳамчунин, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа мебошад.
Сипас, В.Исмоилов-раиси кумитаи тадорукоти озмун иштирокдоронро бо шартҳои озмун шинос намуда, зикр кард, ки довталабон аз рӯйи 7 шарт: муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузор намудани маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, доир намудани соати тарбиявӣ, кор бо компютер, ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон мегардонанд. 
Дар озмун Наврӯзбекова Сайлӣ-омӯзгори фанни забони англисии литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ, Турсунзода Некрӯз-омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб, Ҷалолова Дилором-омӯзгори фанни биология аз муассисаи таълимии махусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Зумратов Азизбек-омӯзгори фанни химия аз литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Холиқов Тоҳирҷон-омӯзгори фанни забони русӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав иштирок доранд. 
Озмун се рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон рӯзи 13–уми январи соли 2021 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
 
Суннатуллоҳи Мирзо