ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҲАРБӢ - ВАРЗИШИИ "ВАТАНПАРВАР" ПУРШУКӮҲ БАРГУЗОР ГАРДИД

16-02-2024
16 феврали соли равон дар қисми ҳарбии 3501-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2024, N142 аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо мақсади тарбияи рӯҳию маънавии хонандагон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, инкишофи ҷисмонӣ ва рушду ташаккули хислатҳои ватандӯстию ватанпарастии наврасону ҷавонон, ошкору муайян намудани мавқеи фаъоли шахсӣ, пешбарию ҷонибдорӣ кардани наврасону ҷавонони ташаббускор ҳамчун нерӯи тавоною боэътимод ва ҳомии марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва ҳамчунин бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии мусобиқаи ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" бо иштироки ғолибони даври минтақавӣ - дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Ашт  гузаронида шуд.
Иштирокдорон аз рӯйи намудҳои сафороӣ, додани саломи ҳарбӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқи таълимӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ғайра байни ҳам сабқат намуданд.
Дар натиҷа дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи якум, дастаи шаҳри Конибодом сазовори ҷойи дуюм ва дастаи шаҳри Исфара  сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Тамоми ғолибон бо диплом, медал, туҳфаҳои хотиравӣ ва дастаи ғолиб бо Ҷоми озмун сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" ҳамасола миёни хонандагони синфҳои 10-11-и  муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва аъзои маҳфилҳои назди марказҳои таҳсилоти иловагӣ ташкилу баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории он ҷалби наврасу ҷавонон ба мусобиқаҳои ҳарбию варзишӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ мебошад.