ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ОҒОЗ ЁФТ

23-09-2020
   23-юми сентябр дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
   Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайнура Азимӣ - муовини раиси вилоят, Осим Каримзода - сардори раёсати маорифи вилоят ва олимону донишмандон, устодони муассисаҳои таълимӣ ва иштирокчиёни озмун ширкат доштанд.
   Дар оғоз муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ номаи шодбошии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён расонида, таъкид дошт, ки иқдоми маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шавқ ва завқи сокинони кишварро дубора ба китобу китобхонӣ бештар намуд. Ба ин васила, ҳисси хештаншиносӣ,  ватандӯстӣ,  эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар нињоди сокинон бештар мешавад. 
   Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён дар баромадаш зикр дошт, ки озмуни мазкур миёни сокинони кишвар ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуда, дар қиёс ба соли пешин шумораи иштирокчиён бамаротиб зиёд гардидааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мо барандаи фарҳанги бою қадима аст ва ба гузаштаи худ арҷ мегузорад.
   Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҳозиринро бо ҳайати ҳакамон, ки иборат аз олимону суханварон, шоирону нависандагони номии кишвар буданд, ошно намуда, зикр дошт, ки ба даври сеюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 388 нафар ғолиби даври шаҳрию ноҳиявӣ роҳхат гирифта,  аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
   Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур се рӯз давом хоҳад кард. Ғолибон санаи 25-уми сентябр муайян мегарданд.
 






























Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон