ДИҚҚАТ!

12-05-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, мерасонад, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, таҳсилро тибқи муқаррарот дар муассисаҳои худ идома диҳанд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, вобаста ба ҳодисаҳои охири дар сарҳад рухдода дар рӯҳияи эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, бо истинод ба таърихи қадимаи ҳамзистии осоиштаи ду халқи бародар, оид ба қабули чораҳои фаврӣ, ки ба ҳалли вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон равона шудаанд, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъсис дода шудааст. 
Вобаста ба масъалаи таҳсили донишҷӯён агар суоле пайдо шавад, шаҳрвандон метавонанд ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: 223-23-73, 227-65-60, 221-30-33