ДИПЛОМИ ДМТ ДАР 35 ДАВЛАТИ АВРУПО ЭЪТИРОФ МЕШАВАД

02-02-2021
 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии  Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки аз аккредитатсияи инстутсионалии аврупоӣ  пурра гузашт  ва мақоми худро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам намуд. Дар ин бора ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба хабарнигорон рӯзи 2-юми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотии донишгоҳ хабар дод.
Қобилҷон Хушвахтзода афзуд, ки 1-уми сентябри соли 2019 Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи бинои Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастур дода буданд, ки донишгоҳу донишкадаҳо аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаранд ва таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро ба минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Маҳз дар доираи амалигардонии ин дастури Роҳбари давлат аз  2 то 15 ноябри соли 2020 гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ ба ДМТ ташриф оварда, тамоми паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ва сифати таҳсилро пурра дар муқоиса ба талаботи таҳсилотии аврупоӣ мавриди санҷиш қарор доданд.
-Субҳи имрӯз, 2-юми феврал ба мо хушхабар расид, ки пас аз омӯзиш ва пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои дахлдор ва дар натиҷаи омӯзиши экспертони байналмилалї Шӯрои Агентии сифати таҳсилоти олӣ ва касбӣ дар Эстония (EKKA) донишгоҳро мувофиқ ба талаботҳо ва стандартҳои таҳсилоти аврупоӣ эътироф намуд, - изҳор дошт Қ. Хушвахтзода.
Маврид ба зикр аст, ки EKKA аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баҳодиҳии сифати барномаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳоро дар Эстония ва дигар давлатҳои аврупоӣ ва хориҷа анҷом медиҳад. Аз соли 2013 EKKA ба фењристи аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ ворид карда шудааст. Он узви Ассотсиатсияи аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ, Шабакаи  байналмилалии Агентии оид ба таъмини сифати таҳсилот, Шабакаи агентиҳои марказӣ ва шарқии таъмини  аврупоии сифати таҳсили касбӣ мебошад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон