ДОНИШ ФУРӮҒБАХШИ ҶАҲОНИ МОСТ

31-08-2022
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба ифтихори оғози соли нави таҳсили 2022-2023
Устодон, шогирдон ва падару модарони азиз!
Муҳтарам аҳли маориф!
Дар Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлоли мо, инак, боз як соли нави таҳсил ва давраи фаъоли омӯзишу парвариш, таълиму тарбия оғоз мешавад. Ба ин муносибат тамоми кормандон ва алоқамандони соҳаро самимона табрику таҳният мегӯям. 
Маълум, ки дар диёри арҷманди мо соҳаи маориф мақоми меҳварӣ дарёфтааст ва эътибору таваҷҷуҳ ба он пайваста меафзояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи худ ба соҳаи маориф афзалият бахшида, аз ҷумла, таъкид кардаанд, ки «Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрӯзу фардои мамлакатамон бо он алоқаи ногусастаниву қавӣ до¬рад». Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон нисбат ба аҳли маориф эҳтироми самимӣ до¬ранд ва кормандони ин соҳаи тақдирсози миллатро мунтазам дастгирӣ менамоянд. Сарвари кишвар бо меҳру ихлос нисбат ба аҳли маориф изҳор кардаанд: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем».
Дар заминаи дастуру ҳидоят ва дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар кишвари мо соҳаи маориф ҳамбаста бо ислоҳоти фарогиру босамар пеш меравад ва рисолати пуршарафу бавусъати худро дар сатҳи баланд иҷро менамояд. Мах¬сусан, солҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар фаъолияти aҳли маориф вусъати бештар дорад, сатҳи таълиму тарбия боло меравад. Ба ин, пеш аз ҳама, рушди марҳилаи созандагӣ ва таъмини устувори осоиштагии мардум дар мамлакат мусоидат кардааст. Дар саросари кишвар бунёду ба таври замонавӣ муҷаҳҳазонидани таълимгоҳҳои нав дар авҷ аст ва чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2021) иттилоъ доданд, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. 
Ҳамасола бо оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистони азизамон Рӯзи дониш ва Рӯзи китоб таҷлил ва Дарси сулҳ баргузор мешавад. Ин басо рамзиву судманд ва фараҳбор аст. Ҳар як инсон маҳз ба шарофати донишу донишомузӣ ба маънавияти комил мерасаду дар ҷомеа ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки бузургони миллатамон пайваста ситоиши дониш кардаву онро сипару болу пари инсон, раҳнамо ба сӯи қуллаҳои мурод номидаанд. Ҳикматест машҳур, ки «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёф¬тан, Ба дониш тавон риштану бофтан». Дониш дар китобҳост ва ҳар касе, ки ба китоб унс мегирад, ояндаи хешро мунаввар месозад ва хизмати арзанда ба халқу миллат хоҳад кард. Дар ин самт икдоми хеле маърифатгустаронаву хирадпараронаи Пешвои миллатамон - баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шоистаи таъкиди махсус мебошад. Ин озмун аз ҷониби аҳли кишвар, аз ҷумла, аз тарафи алоқамандони таъ¬лиму тарбия хеле самимона пазируфта шуд ва доираи васеи иштирокдорон пайдо карданаш дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки китоб барои халқи хирадпарвари мо арзиши ба¬ланд ва ҷойгоҳи дилписанд до¬рад, азизу муқаддас аст. Бовар дорам, ки дар соли нави таҳсил мавқеи донишу китоб дар таълимгоҳҳои мо боз ҳам боло хоҳад рафт.
Ҳамчунин, бо ибтикори Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ баргузор намудани озмунҳои дигар – «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғ маърифат», «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ба баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории ҳамагон мусоидат хоҳад кард. 
Аҳли маориф ифтихорманд аз онанд, ки бузургтарин ва пуршарафтарин масъулият - донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои муваффақонаи ин рисолати волои хеш онҳо бо тамоми ҳастӣ ва бо камоли масъулият фаъолият менамоянд. Дар кишварамон ҳар соли нави таҳсил бо омодагии комил ва бо падидаҳои навину тозакориҳо пешвоз гирифта мешавад. Соли нави таҳсили имсола низ аз ин ҷиҳат истисно нест. Муҳимтарин навгониҳо дар соли нави таҳсил бунёди боз якчанд таълимгоҳи нав, таҳияю таҷдиди асноди меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳрири тозаи барномаву нақшаҳои таълимӣ ва идомабахшӣ ба иншову нашри китобҳои насли нав мебошанд. Ин навгониҳо, бешубҳа, ба дастовардҳои навин дар соҳаи таълиму тар¬бия мусоидат хоҳанд кард ва сифату самараи фаъолияти омӯзгоронро тақвият хоҳанд бахшид. Тибқи анъана дар оғози соли таҳсил - 1 сентябр дарси нахустини устодон ба тарғибу бузургдошти сулҳ бахшида мешавад, ки он Дарси сулҳ ном дорад. 
Солҳост, ки Президенти муҳтарами кишварамон дар баргузории Дарси сулҳ фаъолона ширкат меварзанд ва худ як намунаи чунин дарсро дар таълимгоҳе дар сатҳи баланд ва хеле ҷолибу муассир баргузор менамоянд. Мо, аҳли маориф, аз ин сипосгузору ифтихормандем.
Сулҳ ифтихо¬ри миллӣ, сарвати пурарзиш ва сафобахши рӯзгорони халқи тоҷик мебошад. Дарси сулҳ дар тамоми таълимгоҳҳо бояд дар сатҳи баланд ва муассиру рангин баргузор шавад.
Айни замон сокинони саодатманди кишвари хуршедиамон барои татбиқи чорабиниҳо бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои руш¬ди устувор, солҳои 2018 - 2028», Солҳои рушди саноат, истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъоли¬яти пурҷабҳаву самарбор до¬ранд. Хушбахтона, аҳли маориф дар ин ҷабҳаҳо пешсаф ва парчамафрози комёбиҳоянд.
Мо ифтихормандем, ки ҳамасола оғози соли нави таҳсил ба давраи ниҳоии омодагиҳо ба муҳимтарин ҷашни миллат - Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост меояд ва ин шукӯҳи нахустрӯзҳои таҳсилро дучанд менамояд. Аҳли маориф дар қатори тамоми мардуми шарифи мамлакат ин ҷашни шукӯҳмандро ботантана ва бо ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил мекунанд ва Ватани маҳбуби хешро васфу ситоиш менамоянд.
Таманнои онро дорем, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ҳамеша ободу гулафшон ва дар оғӯши Сулҳу Ваҳдат бимонаду Истиқлоли давлатӣ пойдор бошад ва ҳамбастагиву таваҷҷуҳи сокинонаш бо маърифату донишу хирад ҳар чи бештар гардад.
Фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба ҳамаи шумо - омӯзгорону хонандагон ва алоқамандони соҳаи маориф самимона табрик мегӯям. Рӯзгоронатон ҳамеша саршор аз шодию фараҳ ва фаъолиятатон пурсамару судманд бод!
Соли нави таҳсил муборак!