Донишгоҳи давлатии Бохтарро 53 нафар бо дипломи аъло хатм намуд

09-07-2024
Дар соли таҳсили 2023-2024 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро 4 ҳазору 505 нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм намуд, ки аз ин 53 нафар ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Имрӯз зимни маросими тақдими дипломҳои аъло ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз намуд, ки дониш василаест, ки барои камолоти зиндагӣ инсонро раҳнамо ва ҳидоятгар аст. Солҳои охир мафкураи насли ҷавони мо рушд намуда истода, имрӯзҳо дар ҷомеа ба пуррагӣ мавқеи намоёни худро пайдо намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин насли ояндасози ҷамъият умеди зиёд дорад, зеро ояндаи мамлакат ба заковату қобилияти насли ҷавони бунёдкор сахт алоқаманд аст.
Гуфта шуд, ки солҳои охир донишгоҳ сатҳу сифати донишро баланд бардошта, баҳри омодасозии мутахассисони соҳавӣ ҷидду ҷаҳд намуда истодааст.