Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар рейтинги Вазорати маорифи Чин дар ҷойи аввал қарор гирифт

28-05-2024
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар рейтинг (раддабандӣ)-и муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойи аввалро соҳиб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.
Чунин баҳогузориро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба таваҷҷуҳе, ки довталабони Чин нисбат ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон доранд, ба инобат гирифтааст. Хабари дар ҷойи аввал қарор гирифтани донишгоҳро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сомонаи расмиаш интишор намудааст.
Гуфта мешавад, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти байналмилалии густурда пеш гирифта, дар айни замон бо зиёда аз 120 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷии дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Ёдовар мешавем, ки бори нахуст аз ҷониби Ассотсиатсияи таҳсилоти олии Чини Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази хизматрасонии Чин оид ба табодули байналмилалии илмии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин 89 ихтисоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионӣ (Institutional accreditation) гузаштанд.
Ҳамзамон имсол Муассисаи «London School of Digital Business» ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Садриддин Айниро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ ва эътирофи дастовардҳо ба «Ҷоизаи беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023-и Муассисаи Лондон оид ба тиҷорати рақамӣ (LREA 2023)» сазовор донист.

АМИТ «Ховар»