Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 7 муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид

17-07-2018
Пас аз мулоқоти Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даҳаи аввали моҳи марти соли равон  ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти  олӣ ва марказҳои илмии давлати ҳамсоя  ба роҳ монда шуда, бо беш аз 7 донишгоҳу донишкадаҳо,  аз ҷумла  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи давлатии Андиҷон  созишномаҳои  ҳамкорӣ ба тавсиб расиданд.
Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода ба хабарнигорон иброз дошт.
Зикр гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  барои густариши робитаҳои байналмилалӣ тадбирҳои муассир  андешида, дар шашмоҳаи аввали соли равон  бо 19 муассисаи таълимӣ ва маркази илмии хориҷи кишвар бо бастани  созишномаву тафоҳумномаҳо муносиботи ҳамкорӣ барқарор намуд.
Ҳоло донишгоҳ бо 231 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои  байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, инчунин узви  Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Донишгоҳи  Созмони  Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки  алҳол  дар донишгоҳ 182  нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси бакалавр, магистр, аспирант ва докторант ба таҳсил фаро гирифта  шудаанд.