Донишҷӯёни Тоҷикистон имкони дар Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин идома додани таҳсилро доранд

20-06-2024
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ метавонанд аз рӯйи барномаи таълимии муштараки 2+2 дар Донишгоҳи касбӣ - техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин таҳсили худро идома диҳанд. Ин матлаб 18-уми июн зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода бо намояндагони Донишгоҳи касбӣ - техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вохӯрии мазкур дар доираи амалисозии фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин - коргоҳи Лубан доир шуда, дар он ҷонибҳо доир ба омода намудани мутахассисони самти сохтмон (геодезия ва картография) ва энергетика (энергияи сабз) аз рӯйи барномаи таълимии муштараки 2+2 мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Маркази таълими амалии геодезия ва картографияи интеллектуалӣ ва Маркази омӯзиши амалии энергияи сабз, ки соли 2022 бо мақсади амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бунёд карда шудааст, мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтанд.
Қудрат Давлатзода иброз намуд, ки ҷиҳати мусоидати фаъол ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва татбиқи амиқи ризоияти сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин, ки зимни Саммити якуми сарони кишварҳои «Чин - Осиёи Марказӣ» таъкид гардид, таҳкими минбаъдаи ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо Донишгоҳи касбӣ - техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин дар самти рақамикунонӣ, инноватсия ва технологияи сабз, бахши гидроэнергетика ва дигар бахшҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»