ЭЪЛОН

15-03-2022
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи директори муассисаҳои давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Россия-Тоҷикистон бо омӯзиши амиқи фанҳо (таълимашон ба забони русӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода озмун эълон менамояд.

Довталабон бояд ба чунин талабот ҷавобгӯ бошанд: 
- доштани шаҳрвандии Россия ё Тоҷикистон;
- донистани роҳу усулҳои идоракунии муассисаи таълимӣ ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ; 
- донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги халқҳои Россия ва Тоҷикистон;
- доштани собиқаи кории на кам аз 7 сол дар муассисаи таълимӣ; 
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф;
- доштани маҳорату малакаи истифодаи технологияи информатсионии муосир;
- донистан ва истифодаи усулҳои муосири таълим;
- хушмуомилагӣ бо хонандагон ва падару модар.
Довталабон метавонанд ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҳуҷҷатҳои зеринро барои иштирок дар озмун пешниҳод намоянд:
-ариза оид ба иштирок дар озмун;
-нусхаи диплом;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз ҷойи кори охирин;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
-маълумотномаи тиббӣ;
-расм (3х4) 4 дона.

Хуҷҷатҳои довталабон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода карда мешаванд. 
Қабули ҳуҷҷатҳо то 28 марти соли 2022