ЭЪЛОН

15-03-2022
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули омӯзгорони муассисаҳои давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Россия-Тоҷикистон бо омӯзиши амиқи фанҳо (таълимашон ба забони русӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода озмун эълон менамояд.

Довталабон бояд ба чунин талабот ҷавобгӯ бошанд: 
- донистани забоҳои русӣ ва тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги халқҳои Россия ва Тоҷикистон;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф;
- доштани маҳорату малакаи истифодаи технологияи информатсионии муосир;
- донистан ва истифодаи усулҳои муосири таълим;
- хушмуомилагӣ бо хонандагон ва падару модар.
Довталабон метавонанд ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҳуҷҷатҳои зеринро барои иштирок дар озмун пешниҳод намоянд:
-ариза оид ба иштирок дар озмун;
-нусхаи диплом;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз ҷойи кори охирин;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба надоштани доғ и судӣ;
-маълумотномаи тиббӣ;
-расм (3х4) 4 дона.

Хуҷҷатҳои довталабон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода карда шаванд. 
Қабули ҳуҷҷатҳо то 28 марти соли 2022