Эмомалӣ Раҳмон: «Беш аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар беҳтарин донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»

23-05-2024
Беш аз 40 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ҳоло дар беҳтарин мактабҳои олии хориҷӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва баъди хатми таҳсил дар пешрафту ободии Ватан саҳм мегузоранд. Чунин омадааст дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад.
Дар паёми шодбошӣ омадааст, ки «вақт собит менамояд, ки касе илму дониш ва касбу ҳунар дорад, забонҳои хориҷиро медонад, дар зиндагӣ ҳаргиз хор намегардад ва ба касе муҳтоҷ намешавад. Ба ин хотир, Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то насли ҷавони Тоҷикистон донишманду босавод, соҳиби касбу ҳунар ва соҳибмаърифату тарбиядида ба камол расад».
Инчунин дар паёми шодбошии Пешвои миллат бо дахли баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ гуфта шудааст, ки «ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон дар ойинаи таърих» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифати мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад. Мо солҳои охир шоҳиди он гардида истодаем, ки ин озмунҳо ба рушду инкишофи ҳаматарафаи ҷавонону наврасон таъсири амиқ расонида, аз байни наврасону ҷавонон чеҳраҳои илмдӯсту маърифатпарвар ва навовару ихтироъкор ба воя расида истодаанд».
Дар паёми шодбошӣ таъкид шудааст, ки Ҳукумати мамлакат ҳамчунин бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб кардани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»