«Эҷод кун, ҷуръат намо, ҳақиқатро муҳофиз бош!» — сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

14-05-2018
«Эҷод кун, ҷуръат намо,ҳақиқатро муҳофиз бош!»-таҳти чунин шиор XXXX Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз, 13 майи соли 2018 дар Мактаби байналмилалии Президентӣ ифтитоҳ гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳадафи чорабиниро дар ҷалб ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба корҳои илмӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки хонандагон давоми сол бо олимони барҷастаи тоҷик тарзу усули омода намудани гузоришҳо, корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ ва маърӯзаҳо намуданро меомӯзанд.
 Ба андешаи номбурда, Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ барои омода намудани мутахассисони моҳир, пурдон ва эҷодкор, инчунин барои такмил додани фаъолияти илмии муассисаҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳо дар оянда мусоидат намуда,  имконият медиҳад, ки ба сафи Академияи хурди илмҳо неруи нав аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ҷалб карда шавад.
Дар сессия ноиби президенти АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон, муовини аввали Вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҶТ Қодири Қосим, Роҳбари Маркази илму фарҳанги Россия дар Тоҷикистон Михаил Вождаев ва дигарон суханронӣ намуда, наврасонро барои андӯхтани илму маърифат ҳидоят карданд.