Эссе мухтасарнависиро тақозо дорад

30-04-2018
Соли равон ба тартиби имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ тағйирот ворид карда шуд. Акнун довталабон барои шомил шудан ба сафи донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо дар баробари посух ба саволҳои тестӣ, ҳамчунин, эссе менависанд. Вобаста ба ин Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз оғози соли таҳсили равон барои ба таври пурсамар омӯзонидани тарзи навиштани эссе дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат тадбирҳои ҷиддӣ андешидааст. Навиштани эссе (бо маълумот дар бораи таркибу сохтор ва моҳияту хусусиёти он) мувофиқи стандарту барномаҳои нави таълими фанҳои забону адабиёти тоҷик асосан дар синфи 10 омӯзонида мешавад.
Бояд гуфт, ки эссе ҳамчун жанри адабӣ зодаву парвардаи адабиёти Ғарб аст ва ба эътирофи муҳаққиқон, нахуст дар Фаронса маълум гаштаву рушд ёфтааст. Вожаи эссе низ фаронсавӣ буда, онро ба тоҷикӣ метавон ҳамчун санҷиш, таҷриба, навиштаи мухтасар тарҷума кард. Муҳимтарин хусусияти эссе нисбат ба ҳар гуна навиштаҳои дигар (иншо, очерк, ҳикоя…) ҳаҷми хурдтар доштани он аст. Аз ин рӯ, маъмулан эссе мавзӯъ, сужа ва афкори зиёдро дар бар гирифта наметавонад. Нигорандаи он асосан як ғоя ва мавзӯъро пайгирӣ мекунад, ба як суол посух меҷӯяду мегӯяд. Сухан бояд фишурда, пурмаъно ва бодалел бошад. Ба дарозо кашидани сухан, пургӯйӣ ва шарҳу тафсири зиёд ҳаргиз хоси эссе нест. 
Тавсия дода шудааст, ки довталабон дар ҳаҷми ду – се саҳифаи чопи компютерӣ эссе нависанд. Мавзӯъ ва масъалаи амиқ дар меҳвари андешаи нигорандаи эссе бояд қарор дошта бошад. Дар эссе андеша озод, баён саҳеҳу образнок ва забон фаҳмою равон мешавад. Масалан, агар сухан дар бораи Ватан ва ватандорӣ бошад, муҳтавои эссе бояд бозгӯ ба суолҳои «Ватан чист?», «Чаро Ватанро дӯст бояд дошт», «Ватандӯстӣ дар чӣ ифода меёбад?», «Чӣ гуна метавон ба Ватан хидмати шоиста кард?» ва амсоли инҳо бошад.
Ҷамъбасти эссе ҳам мухтасару муассир мешавад ва маъмулан 3-4 ҷумлаи пурғунҷоишро дар бар мегирад.
Эссе сатҳи донишу биниш, саводи хаттӣ, доираи тафаккур ва қобилияти эҷодкории довталабонро хеле хуб ошкор месозад. Чун ҳаҷман калон нест, тафтиши он низ вақти зиёд ва баррасии бардавомро тақозо намекунад. Аз ин рӯ, тасмими Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон – навиштани эссе аз ҷониби довталаб хеле муфиду айни муддаост.
Зарнигор Икромова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии  мактаби №30-и шаҳри Панҷакент