«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд

22-07-2024
19 июл басти сеюми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Файзи истиқлол», воқеъ дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид, ки дар он 410 нафар наврасу кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуд.
Тавре директори истироҳатгоҳ Бахтиёр Расулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин баст 30 нафар аз Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб - интернати ҷумҳуриявии ба номи Додхудо Карамшоев»-и ноҳияи Рӯшон, 10 нафар аз Мактаб - интернати Ҷалолиддини Балхӣ, 15 нафар аз Мактаб - интернати ҷумҳуриявии нобиноёни шаҳри Ҳисор ва кӯдакону наврасон аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии мамлакат ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.
«Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кӯдакони мамлакат сол аз сол беҳтару рангинтар гардида, ҳамасола дар мавсими тобистон ҷиҳати истироҳати кӯдакон ва наврасон шароити мусоид фароҳам мегардад»,-афзуд Баҳтиёр Расулов.
Таъкид гардид, ки масъулин вобаста ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, тарбияи ватандӯстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар байни наврасон ва кӯдакон вохӯрию суҳбатҳо ташкил намуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон озмунҳои «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ ва сайру сайёҳат ташкил ва гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки истироҳатгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуда, кӯдакону наврасон дар ин ҷо ҳар рӯз ба бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ машғул мешаванд.
Мураббиён кӯдакону наврасонро дар руҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия менамоянд, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд.