ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар ин истироҳатгоҳ баъди таъмиру навсозӣ беш аз 800 хонанда ба истироҳат фаро гирифта шуд

06-07-2024
Истироҳатгоҳи тобистонаи «Файзи Истиқлол», воқеъ дар минтақаи сайёҳию истироҳатии Варзоб 19 июни соли равон баъди таъмиру навсозӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар басти аввали он 350 нафар хонанда аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Имрӯзҳо -дар басти дуюми истироҳатгоҳ 450 нафар хонанда истироҳат дорад.
Директори истироҳатгоҳи тобистонаи «Файзи Истиқлол» Бахтиёр Расулов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави Наврӯз изҳор дошт, ки истироҳатгоҳ баъди таъмиру навсозӣ бо намои нав диққати кӯдакону наврасонро ҷалб намуда, ҳамарӯза омӯзгорони ботаҷриба тибқи нақшаи корӣ, бо онҳо барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, тарбиявӣ ва озмунҳои китобхонию варзиширо доир менамоянд.
 
Истироҳатгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуда, кӯдакону наврасон дар ин ҷо ҳар рӯз ба бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ машғул мешаванд. Мураббиён кӯдакону наврасонро дар руҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия менамоянд, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд.
 
«Дар истироҳатгоҳ кӯдакон субҳро соати 6:30 бо машқҳои пагоҳӣ оғоз намуда, соати 7:30 субҳона мехӯранд. Дар ин ҷо бачаҳо ба шоҳмот, футбол, волейбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд. Дар истироҳатгоҳ ҳавзҳо мавҷуданд, ки дар онҳо бачаҳо оббозӣ карда, обутоб меёбанд. Расо соати 21:30 ҳама ба хоб мераванд, то саҳар бо қувваи нав ба машқҳои пагоҳирӯзӣ бархезанд»,-гуфт Бахтиёр Расулов.