Фанни диншиносиро таълими илмӣ ва методологӣ мебояд

23-04-2018
Соли дуюм аст, ки дар макотиби олӣ фанни нави таълимӣ бо номи «Диншиносӣ» ва дар мактабҳои миёна он бо номи «Таърихи дин» омӯзонида мешавад. Маврид ба зикр аст, ки бо вуҷуди доштани мухолифони зиёд дар зарурати таълими ин фан он яке аз соҳаҳои бисёр муҳими илмҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ ва фалсафӣ ба шумор рафта, дар низоми маорифи аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла, низомҳои маорифи дунявӣ яке аз фанҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. 
Зеро дин ҳамчун падидаи ҷамъиятию таърихӣ ва унсури фарҳанг дар шаклгирии дигар соҳаҳои ҳаёти маънавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии инсонҳо нақши муайян дошта, омӯзиши як қатор фанҳо аз қабили адабиёт, таърих, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, ҷомеашиносӣ, маданиятшиносӣ, инсоншиносӣ ва дигар илмҳо, ки бо таълимоту тасаввуроти динӣ рӯи баъзе масъалаҳо робита доранд,  бидуни шинохту маърифати воқеии илмӣ дар бораи дин  мушкил хоҳад буд. Аз ин рӯ, диншиносӣ кайҳо боз на танҳо дар кишварҳои Аврупо, инчунин дар ҳамсоякишварҳои мо низ ба мисли Қазоқистон, Россия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва ғайраҳо дар макотиби миёнаву олӣ омӯзонида мешавад. Аз ин нигоҳ ҷорӣ намудани фанни диншиносӣ дар ҷумҳурии мо низ зарурияти воқеии ҷомеаи имрӯза буда, дар низоми таълими маорифи муосири кишвар он ҳадафҳои муайян,  вазифа ва мақсади лозимаро дар пай дорад.  Мутаассифона, надоштани таҷрибаи пешинаи таълими ин фан, норавшании соҳаҳои он, набудани мутахассисони соҳавӣ ва чанде проблемаҳои методологӣ  иҷрои ин вазифаҳоро мушкил намуда, аз доираи ҳадафу вазифаҳояш метавонад берун барад. Дар сурати набудани низому методологияи муайян омӯзиши ин фан метавонад баръакс, ба костагии ҷаҳонбинии илмӣ ва мазҳабишавии фазои илмию таълимӣ оварда расонад. Ҳадди ақал таҷрибаи ду соли таълими берабту бенизоми ин фан ба ин фикрҳо далолат мекунад. Бо назардошти ин гуфтаҳо ва хадафи ислоҳи онҳо чанде мулоҳизаҳои худро сари ин масъала дар ин ҷо баён карданием. 
Аввалан, дар барномаи таълимии ин ё он соли таҳсил ворид намудани фанни диншиносӣ ҳатман бояд сатҳи омодагии дониши фалсафии донишҷӯён дар макотиби олӣ ба назар гирифта шавад. Зеро диншиносӣ дар макотиби олӣ бояд чун ҷузъе аз донишҳои фалсафӣ ва бо методологияи фалсафӣ омӯзонида шавад, дар сурати ғайр, он ба сӯи ҳамон илоҳиёт ва диникунонии ҷомеа меравад. Вале мутаассифона, мебинем, ки ин фан дар аксари донишгоҳҳои  мо имрӯз дар курсҳои аввал ва ё курси дуюм, ки дарси  фалсафа ва дигар донишҳои фалсафиро нахондаанд, ба мафҳуму категорияҳои онҳо ошно нестанд, заминаи баррасии илмии онро надоранд ва хусусияту фарқи забони фалсафиву диниро ҳанӯз намедонанд, ҷорӣ шудааст, ки хеле ҳайратовар  мебошад. Донишҷӯи соли аввал дар ҳеҷ сурат наметавонад ба фаҳмиши фалсафаи дин, ки ҳадаф дар макотиби олӣ ҳам таълими он аст, сарфаҳм биравад. Диншиносӣ ҳадди ақал бояд дар курсҳои сеюм ва ё чорум  баъди супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанни фалсафа, ахлоқ ва дигарҳо дар асоси аппарати категориалии илмияш омӯзонидаву таълим дода шавад.
Намешавад ҳангоми сохтани бино зербинову табақаи аввалашро насохта, ба сохтани табақаи болоию  болопӯшаш гузарем. Тасаввур бикунед, ки ҳангоми баррасии мавзӯи «Хусусият ва сохтори шуури динӣ», ки аз масъалаҳои ҷавҳарӣ ва аслии диншиносӣ мебошад ва хатти байни тафаккури фалсафӣ ва диниро аз ҳам ҷудо месозд, донишҷӯ, ки то ҳанӯз масъалаи асосии фалсафа - робитаи шуур ва ҳастиро аз худ накардааст, ба ин гуна мавзӯъ чӣ тавр сарфаҳм меравад? Масъалаи заминаҳои иҷтимоию маънавии пайдоиши адёни гуногун низ аз ҳамин гуна масоили мураккаб аст, ки бе дониши заминавӣ аз худ намудани онҳо ғайриимкон аст. 
Дар иддае аз донишгоҳҳо бошад, ин фанро шомили кафедраҳои таърих ва ё филология намудаанд, ки дар ҳеҷ сурат қобили қабул нест. Мушкилоти дигари таълими он набудани мутахассисони касбӣ мебошад, ки устодони дигар тахассусҳо, аз ҷумла, таъриху забону илмҳои дигар онро меомӯзонанд ва дар аксар донишгоҳҳо ассистентҳо ба таълими он ҷалб  мешаванд. Ин мутахассисон на танҳо имтиҳони илми диншиносӣ насупоридаанд, балки курсҳои омодагии ин фанро низ нагузаштаанд. Набудани адабиёту китобҳои дарсӣ  ва ҳамчунин,  барномаҳои таълимии ягона мушкилоти онҳоро дучандон  мекунад. Мушоҳида мешавад, ки  дарсҳои лексионӣ  ва амалӣ аз рӯи барнома ва мавзӯоти мухталиф ҷараён  мегиранд, байни онҳо ҳамоҳангии мавзӯиву мантиқӣ нест, ки дар ин сурат донишҷӯ ба моҳияти мавзӯъ умуман сарфаҳм намеравад  ва фанни диншиносиро аз соҳаи донишҳои динӣ фарқ карда наметавонад. Дар раванди роҳандозии таълими ин фан сараввал бисёр муҳим аст, то ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои толибилм равшан бошад, ки диншиносиро аз донишҳои бо ном «илмҳои динӣ»  фарқ бояд кард. Зеро ба гурӯҳи «илмҳои динӣ» баъзе донишҳои соф дохилидинӣ, аз қабили   илоҳиётшиносӣ, фиқҳ, таълими ақида ва чанде дигар маърифатҳое дохиланд, ки матлаби онҳо аз таблиғ ва асосноккунии  асли эътиқоди ягон дини муайян, яъне ақида иборат мебошад. Онҳо ҳадафи ташаккулдиҳии ҷаҳонбинии диниву эътиқодиро доранд. Дар чунин омӯзаҳо таҳлил, таҳқиқ ва баррасӣ нест, аввал эътиқод аст, баъд омӯзиш. Таълими ин гуна соҳаҳо метавонад фақат дар муассисаҳои хусусияти динидошта роҳандозӣ шавад.
Аммо диншиносӣ таълими ақида ё тарғиби он нест. Он ҷаҳонбинии илмӣ аст, динро ҳамчун соҳа ва предмети омӯзиш мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Онро аз мавқеи илм чун хориқаи ҷамъиятиву таърихӣ дар робита бо заминаҳои пайдоишу инкишоф ва таҳаввулаш, чун талаботи маънавии инсон ба объекти омӯзиш мегузорад. Дар ин самт он аз таълимоти атеизм низ фарқ  мекунад, зеро атеизм чун идеологияи муқобил динро аз мавқеи инкорӣ бо ҳадафи  берунсозӣ аз ҷомеа ва аз мафкураи инсонҳо арзёбӣ  мекунад. Диншиносӣ бо фарқ аз он динҳои мухталифро дар баробарӣ бар пояи усули муқоисавӣ, чун унсури маданияти халқиятҳои гуногун, дар асоси  принсипи озодии виҷдон бо ҳадафи эҷоди таҳаммулпазирии динӣ, гуманизатсияи ҷамъият ва ҳамзистии мафкураву ғояҳои мухталиф чун  кори хусусии ҳар як фард  меомӯзад. Ҳадафи он баръакси атеизм на инкориву илҳодӣ, балки омӯзиши ҳаматарафаи паҳлуҳои дин, бо роҳи созандагӣ равона намудани он ва пешгирӣ аз ҷиҳатҳои манфиву харобиовар мебошад. 
Дар китоби «Диншиносӣ дар  кишварҳои пасошӯравӣ», ки соли 2011 дар Институти шарқшиносии Маскав ба чоп расидааст, қайд мешавад, ки маҳз дастовардҳои илми диншиносӣ ва таълими он барои кишвари сермиллату гуногунмазҳаби  Россия  имкон фароҳам овардааст, ки  равандҳои иҷтимоӣ пешгӯӣ карда шуда, мушкилоти минтақавӣ ва муносибатҳои байни халқияту қавмиятҳои гуногун ба таври дурусту самарабахш роҳандозӣ карда шаванд. Инчунин, он имкон додааст, ки то  ҳадди муайяне пеши ифротгароии динӣ гирифта шавад. 
Дар ин ҷо қайд намуданием, ки диншиносӣ ҳамчун илми мустақил дар асри ХIХ дар Аврупо ташаккул ёфта бошад ҳам, масоили зиёди он дар дохили илмҳои дигар аз қабили таърих, фалсафа, фарҳанг ва дигар илмҳо дар асрҳои пешин ҳам омӯхта мешуданд. Дар таърихи илму фарҳанги тоҷик ҳам омӯзиши масоили диншиносӣ таърихи қадима дорад, ки онро метавон шартан ба ду бахш - диншиносии илмӣ ва диншиносии мазҳабӣ тақсим кард. Диншиносии мазҳабӣ, то андозае ба ҳамон «илмҳои динӣ», ки дар боло ном бурдем, тобеъ ва дар шакли бидъатшиносӣ амалӣ мешуд. Аммо диншиносии илмӣ аз мавқеи илму фалсафа динро меомӯхт. Ба ин қатор осори мутафаккирони оламшумули тоҷик, чун Форобӣ, Ибни Сино, Берунӣ ва дигаронро, гарчи як андоза муносибати мусолиҳакорона  бо дин доранд,  метавон ном бурд. 
Дар кишвари мо дар замони истиқлолият ҷиҳати омӯхтани дин ҳамчун як рукни фарҳанги мардум ва бо унсурҳои милливу асосҳои давлати дунявӣ  наздик сохтани он тадбирҳои зиёде  андешида мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни яке аз суханрониҳояшон ин нуктаро ёдовар шуда, иброз дошта буданд, ки: «Давлат ба дин ҳамчун як рукни асосии фарҳанги миллӣ муносибат карда, онро натанҳо аз ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандони худ дур насохтааст, балки дар бахшҳои фарҳангӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ бо созмону иттиҳодияҳои динӣ ҳамкории наздик дорад ва ин яке аз хусусиятҳои асосии модели давлати дунявии мо мебошад… Аз ин лиҳоз, марказҳои ҷомеашиносии мактабҳои олӣ ва ҳамаи олимону донишмандони соҳаро зарур аст, ки корҳои таҳқиқотиро дар ин самт вусъат бахшида, ба аҳли ҷомеа асарҳои таҳлилии илмӣ пешниҳод намоянд». 
Бо назардошти ин гуфтаҳо, бояд дар хотир дошт, ки  таълими фанни диншиносӣ, ки аз рӯи манфиатҳои миллию давлатӣ ва зарурати ҷомеаи имрӯзаамон дар макотиби миёнаву олии кишвар ҷорӣ шудааст, ҳадафу вазифаҳои муайян дорад. Аз ин рӯ, таълими он бояд ба таври лозима роҳандозӣ шуда, нуқсону камбудиҳои мавҷуда дар ин самт ҳар чӣ зудтар карда шаванд.
Ғаффор МИРЗОЕВ, 
номзади илми фалсафа,
мудири шуъбаи  масъалаҳои 
фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  АИ  ҶТ