ФАЪОЛИЯТИ ФОНДИ ШАРИКИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ БАРРАСӢ ГАРДИД

26-04-2021
26-уми апрели соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи баррасии ҳамкориҳои Фонди шарикии байналмилалӣ дар соҳаи маориф (ФШБМ) баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Нуралӣ Собирзода – муовини вазири маориф ва илм, Бадриддин Музаффарзода – сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, Илҳом Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ бевосита ва шарикони рушд аз тариқи онлайн ширкат варзиданд.
М. Имомзода зимни сухани ифтитоҳӣ вобаста ба  аз байни 69 давлат комёб шудани Тоҷикистон барои ба таври пилотӣ гирифтани грант ба Фонди мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи корҳои иҷрошуда оид ба таҳияи ҳуҷҷати “Нақшаи дастгирии соҳаи маориф аз тарафи шарикон рушд” (НДСМТШР) ҳисобот дода, аз ҷумла қайд кард, ки дар робита ба омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани Гранти пилотии ФШБМ ва ҳуҷҷати НДСМТШР бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат, зерсохторҳои он, шарикони рушд (DCC) ва гурӯҳи маорифи маҳалӣ (ГММ) гурӯҳи корӣ дар ҳайати 23 нафар  таъсис дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки Муҳаммад Тарик – корманди масъули Фонди шарикии байналмилалӣ дар соҳаи мориф қаблан ду вохӯрии маҷозиро бо ГММ дар бинои Вазорати маориф ва илм баргузор намуда, барои навиштани ҳуҷҷати НДСМТШР ба масъулини Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он маслиҳату машварат дода буд. 
Гуфта шуд, ки гурӯҳи корӣ аз рӯйи ҷадвали пешниҳоднамудаи ФШБМ барои таҳия намудани ҳуҷҷати ҳамкории миёни Фонди шарикии байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва Вазорати маориф ва илм давра ба давра чор ҷаласаи корӣ баргузор намудаанд.
Инчунин, қайд гардид, ки бо дархости ФШБМ маълумот ва ҷадвалҳои пешниҳодшуда барои таҳияи ҳуҷҷати дигар - Гурӯҳи мустақили арзёбии техникӣ (ITAP) ҷамъоварӣ ва кори он ҷамъбаст гардидааст, ки пас аз баррасӣ бо ГММ то санаи 15 май ба ФШБМ  пешниҳод мегардад. 
Илова бар ин, то санаи 30 июн тибқи ҷадвал ҳуҷҷати “Нақшаи дастгирии соҳаи маориф аз тарафи шарикон рушд” НДСМТШР ба котиботи ФШБМ пешниҳод карда мешавад.
Дар доираи амалигардонии лоиҳаи нави маблағгузорӣ ФШБМ барои давраи то соли 2025 дар баробари Тоҷикистон, ҳамчунин, соҳаҳои маорифи кишварҳои Конго, Кения, Непал ва Уганду гранти ФШБМ-ро барои рушди соҳаи маориф ба даст овардаанд. 
Суннатуллоҳи Мирзо