ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МАТБУОТ НАЗАРРАС АСТ

14-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Дар давраи ҳисоботӣ 21 хабару мақолаи таҳлилию танқидӣ дар матбуоти даврӣ ба табъ расиданд, ки ба ҳамаи онҳо аз ҷониби Маркази матбуот ҷавобу вокунишҳо таҳия ва ба идораи нашрияҳо ирсол гардида, ҳамаи вокунишҳо дар сомонаи расмии вазорат ҷой дода шуданд. Баробари ин, дар радиову телевизион дар ин давра 53 баромаду суханрониҳои кормандони вазорат ва сохторҳои тобеи он ташкил карда шуда, ҳамзамон дар 15 чорабиниву ҷамъомади вазорат иштироки кормандони васоити ахбори омма таъмин карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ нашрияҳои соҳавии вазорат низ фаъолияти хуб нишон доданд.
Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» бо теъдоди беш аз 40 ҳазор нусха ба нашр расида, тибқи нақша 12 шумора ва ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ як шумораи ранга (4 ранг) чоп шудааст.
Теъдоди обуна ба нашрия барои кӯдакон ва наврасон «Пайрав» (Замимаи нашрияи ҳафтаномаи «Омӯзгор») низ дар се моҳи аввали соли 2020 ба 40 ҳазору 531 нусха расидааст. Тибқи нақша дар ин давра 6 шумора ба нашр расида, дастраси хонандагон гардид.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 се шумораи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ва «Маорифи Тоҷикистон» ва дастраси хонандагон гардид. Зери рубрикаҳои доимӣ дар ҳар яки ин шумораҳо аз 18 то 22 мавод (мақола)-и мутахассисони соҳа, мактабшиносу методистон ва омӯзгорон чоп шуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба нашри матолибе дода шудааст, ки дар онҳо баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот ва муносибати салоҳиятнок ба таълим дар мадди аввал гузошта шудаанд.
Теъдоди обуна ба маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» 6400 нусха ва ба маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» 5600 нусхаро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи якуми маҷаллаи «Русский язык и литература в школах Таджикистана» бо теъдоди 3700 нусха ба табъ расида, ҳайати эҷодии маҷалла дар баробари Вазорати маориф ва илм, инчунин, дар чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, семинар ва конфронсҳое, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон баргузор гардиданд, фаъолона ширкат варзиданд.