ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪИН НАМУДАНИ ИМОМЗОДА М.С.

03-11-2020

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Имомзода М.С.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№34

 

 

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Сайдалӣ    

аз 03 ноябри  соли 2020  дар вазифаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.

Соли таваллуд  28 марти соли 1959           Ҷои таваллуд  ноҳияи Темурмалик    

Миллат   тоҷик                                           Маълумот   олӣ

соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро   хатм кардааст

Ихтисос   филолог, муаллими  забон ва адабиёти тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1976-1981

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 

Солҳои 1981-1984

Лаборанти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе 

Солҳои 1984-1985

Муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонии Академияи илмҳои ИРСС, шаҳри Москва

Солҳои 1985-1988

Аспиранти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон  

Солҳои 1988-1991

Ходими хурди илми Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон

Солҳои 1991-1993

Лаборанти калон, омӯзгори калони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1993-1996

Муовини декани факултаи филологияи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 

Солҳои 1996-1999

Дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1999-2004

Декани факултаи филологияи  Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 

Солҳои 2004-2012

Ректори Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия, шаҳри Душанбе 

Солҳои 2012-2020

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

  24.01 соли 2020

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

  03.-11 соли 2020

 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон