ФИЛИАЛИ “ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД

13-04-2022
13-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба таъсиси филиали “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид. 
Зимни ҷаласаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 1993-1994 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори раёсати донишгоҳ (он замон донишкада) тибқи шартномаи тарафайн бо Ҳокимияти ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июли соли 1993 филиали муассиса дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуда, он то соли 1998 фаъолият кардааст. Дар ин давра беш аз 2000 нафар муҳассилин аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, онро бомуваффақият хатм намудаанд. Фаъолияти филиали донишгоҳ дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 1998 қатъ гардидааст. 
Айни ҳол, бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати дӯстиву ҳамсоягии неки ду мамлакат густариш ёфта, имконияти дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои илму маориф дубора таъсис додани филиалҳо, факултетҳои муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак фароҳам гардидааст. 
Дар рафти ҷаласаи гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо розигии худро ҷиҳати таъсиси филиали “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” иброз доштанд ва интизор аст, ки хулосаи ниҳоӣ ба Ҳукумати кишвар ирсол гардад. 
Бояд гуфт, ки таъсиси филиали донишгоҳ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкон фароҳам месозад, ки низоми таҳсилоти малакат ва фаъолияти донишгоҳ дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ гардида, шарикони нав барои ҳамкорӣ пайдо карда шаванд. Таъсис ва пешбурди фаъолияти донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ба роҳ монда мешавад. 

 
БАХТОВАР САФАРОВ