ФИЗИКОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР 54-УМИН ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ «IPhO»

22-07-2024
Аз 21 то 29 июли соли 2024 дар вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон 54-умин Олимпиадаи ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика баргузор мегардад.
Дар ин Олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ 44 давлат, 2 кишвари меҳмон ва зиёда аз 200 нафар хонандагони болаёқат бо ҳам сабқати илмӣ мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ менамоянд.
Аксҳо аз ҷараёни муаррифии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати кушодашавии Олимпиади ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика