«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Норак даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд

14-05-2024
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки мақсад аз баргузории  он  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва ғанӣ гардонидани захираи луғавии  қишрҳои гуногуни ҷомеа  мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии шаҳри Норак.
Иброз шуд, ки бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маориф ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Маҳз ҳамин  дастгириҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ ва омӯзиши илму дониш рӯз ба рӯз рушд намуда, сафи иштирокдорони озмунҳо зиёд мегардад.
Дар даври якуми озмун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  3188 довталаб иштирок намуда, аз ин шумора 956 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.
Ҳакамон ба баромади ҳар довталаб тибқи талаботи Низомномаи озмун баҳо мегузоранд. Озмун чанд рӯз идома ёфта, довталабон кӯшиш доранд, ки натиҷаҳои беҳтар ба даст оранд.