“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”: САБҚАТИ БЕҲТАРИНҲО ИДОМА ДОРАД

11-12-2022
Чунонки ҳамагон медонанд, аз панҷуми декабри соли ҷорӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар даври ниҳоии озмун аз рӯйи панҷ номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср идома ёфта, мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида вобаста ба гурӯҳҳо иштирокдорони озмун ҳунару маҳорати хешро пешкаш менамоянд. Ҳафтаи гузашта бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз ҷараёни озмуни мазкур мо низ ба макони баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҳ пеш гирифтем. 
Дар суҳбат бо муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода маълум гардид, ки муассисаи мазкур ҳанӯз аз моҳи феврали соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоӣ тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст. Аз ҷумла, бо ин мақсад шаш толори баргузории озмун бо гурӯҳи кории ҳар кадом иборат аз панҷнафарӣ дар ҳайати кормандони фаъоли китобхона бо мақсади роҳбаладӣ, ҷо баҷогузории иштирокдорон, падару модарон, ҳаводорон довталабон ҷудо гардидааст. Ҳамчунин, барои дарк кардани шаффофияти озмун, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ толори алоҳида бо насби телевизорҳои калонҳаҷм дар ихтиёри довталабон, мухлисону падару модарон ва устодону омӯзгорон вогузор шудааст. Барои таблиғу ташвиқи ин озмуни бонуфуз, аз даромадгоҳи китобхона сар карда, то роҳраву даҳлезҳои он, толору макони баргузории номинаҳои озмун шиору овезаҳо, суханони раҳнамо, шоҳбайтҳои адибони классики адабиёти тоҷику ҷаҳон насб карда шудаанд. Дар маҷмуъ, барои хубу хотирмон, шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани ин озмун аз тарафи маъмурияти китобхонаи мазкур тамоми шароитҳо ба таври бояду шояд муҳайё гардидааст. 
Ба хотири инъикоси раванди озмун, фаҳмидани андешаву афкори иштирокчиёни озмун бо як идда довталабон, падару модарон, узви ҳакамону дигар дастандаркорони озмун суҳбатҳои кӯтоҳе доштем, ки муҳтавои онро пешниҳоди хонандагони нашрия мегардонем.
Малика Бобоева, хонандаи синфи 10 – и мактаби рақами 1 – и шаҳри Кӯлоб буда, дар номинаи адабиёти муосир ширкат меварзад. Вай иброз дошт, ки 80 ғазал, 90 рубоӣ, 6 достон аз эҷодиёти устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ва миқдори зиёди пораҳои шеъриро пешниҳод намуд. Ӯ барои роҳхат гирифтан ба даври ниҳоӣ аз устоди мактабиаш Рухсора Кабирова, ки заҳмати зиёд кашидааст, миннатдор аст. Мехоҳад, ки дар озмунҳои оянда низ иштирок намуда, соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардад. 
Бино ба гуфти Динара Мамадюнусова, хонандаи синфи 8, МТМУ 21, ноҳияи Ишкошим ӯ низ аз рӯйи номинаи адабиёти муосир тайёрии ҷиддӣ дидааст. Вай соли аввал дар ин озмуни бонуфуз иштирок карда, дар вилоят соҳиби ҷойи аввал гардид ва барои иштирок ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтааст. Ӯ 10 роман, 60 повест, 110 ҳикояву новелла, 20 очерк, 10 драма, беш аз сад ғазал, 120 рубоиву дубайтӣ, сад шоҳбайтро азхуд кардаву пешкаши ҳайати ҳакамон мегардонад ва боварӣ дорад, ки ғолиб меояд. Динара мегӯяд: «Аз падарам, ки корманди ширкати «Тоҷиктелеком» - и ноҳия, модарам рӯзноманигор (дар айни замон хонашин аст) ва муаллимаи азизам Майсара Кӯчакшоева миннатдорам, ки маро то ба ин сатҳ оварда расондаанд. Маҳз дастгириву меҳрубонӣ ва раҳнамоии онҳо буд, ки адабиёти зиёдеро мутолиа кардаву ба озмун роҳ ёфтам. Бовар дорам, ки ғолиб меоям, агар не, боке нест, муҳим он аст, ки асарҳои зиёдеро мутолиа карда, ғизои маънавӣ гирифтам, дар озмун иштирок менамоям, барои ман ҳаминаш аз ҳама муҳимтар аст».
Воқеан ҳам, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол иштироки хонандагони мактабҳои тахсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва умуман, дигар қишри ҷомеа сол то сол меафзояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми мо ба китобу китобхонӣ бештар таваҷҷуҳ мекардагӣ шудаанд. Албатта, чунин амал бе роҳбаладиву дастгирӣ самара намедиҳад. Ин аст, ки аксари хонандагони мактабҳоро падару модарон, омӯзгорон, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия, вилоят ҳамроҳӣ мекарданд. 
Оиша Сафарова, хонандаи синфи 10, мактаби рақами 3 – и ноҳияи Фархорро падараш муҳосиб ва модараш Фазилабону Зиёева, ки магистранти Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, роҳбаладӣ менамоянд. Ф. Зиёева иброз дошт, ки ӯ соҳиби се фарзанд буда, Оиша фарзанди калонии оила мебошад. Вай аз хурдӣ ба мутолиа шавқу завқи зиёд дорад. Ӯ соли чорум аст, ки дар ин озмун ширкат варзида, маҳорату малакаи худро месанҷад. Оиша имсол дар миқёси вилоят ҷойи дуюмро ишғол кард ва то даври ниҳоӣ расид. Акнун қувваозмоӣ дар ин давр шадидтар сурат мегирад, чунки аз тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ғолибон ин ҷо ҷамъ омада, байни ҳам сабқат мекунанд. Бо вуҷуди ин, Оиша аз худ боварӣ дорад, зеро 115 ғазал, 120 рубоиву дубайтӣ, 500 байт ва дигар анвои шеъриро азбар кардаву 30 роман, 40 повест, 130 ҳикояро хондааст ва бовар дорад, ки муваффақ мегардад. Чунонки падари Оиша иброз дошт, дар ин роҳ бояд ҳатман падару модар саҳм бигиранд. Масалан, мо дар хонаамон китобхонаи шахсӣ ташкил кардаем, ки ҳамаамон дар вақти холӣ ба мутолиа машғул мегардем. Оиша хоҳаронашро низ ба китобхонӣ тарғиб намудааст ва онҳо низ мехоҳанд аз соли оянда дар ин сабқат ширкат намоянд. Худи Оиша ба хондани асарҳои адабиёти муосир шавқ дорад, Бинобар он, аз рӯйи ҳамин номина дар озмун иштирк менамояд. Вай мехоҳад, ки дар оянда табиб шаваду ба дардмандон шифо бахшад. 
Сафина Ҳофиззода, хонандаи синфи 10, МТМУ №27 – и ноҳияи Мастчоҳ дар номинаи адабиёти классикӣ бо ҳамтоёни худ қувваозмоӣ намуданист. Аз ибрози андешааш маълум, ки ӯ ба таври хеле ҷиддӣ тайёрӣ дидаву мехоҳад, ки ғолибиятро ба даст орад ва ба ин бовар ҳам дорад, зеро 50 асари насрӣ, 108 ғазал, 140 рубоӣ, 110 шоҳбайту қасида, 314 байту достон, 100 байти навъҳои дигари шеъриро барои ҳайати ҳакамон армуғон овардааст. Чунонки Сафина гуфт, вай ҳамасола қариб дар ҳамаи озмунҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ, новобаста ба мавзуъҳо ширкат намудаву дар аксари онҳо ғолибиятро ба даст овардааст. Масалан, чор сол боз дар озмунҳои «Шоҳномахонӣ», «Камолхонӣ, «Шукӯҳихонӣ», «Ровии беҳтарин», «Гулдухтарони ҳунарманд» (қисмати адрасбофӣ) ва монанди ин дар миқёси ноҳияву вилоят ширкат варзида, дастболо гардидааст. Ҳамчунин, вай иштирокчии библиомарафони «Ҳамнишине беҳтар зи китоб махоҳ» ва олимпиадаҳои фаннии забон ва адбиёт мебошад. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаб Гулистон Абдуллоева ҳамеша ба ӯ мадад мерасонад. Сафина дар баробари мутолиа намудани асарҳои китобхонаи мактабӣ, ҳамчунин, барои дастрас кардани китобҳои дилхоҳаш аз китобхонаи ноҳиявии ба номи Қувват Давлат, китобхонаҳои вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ва Аминҷон Шукӯҳӣ аз модараш – корманди хукумати вилояти Суғд ва устодаш Баҳром Мирсаидов хеле миннатдор аст. Ба иқрори худи Сафина вай ба озмун ба тайёрии ҷиддӣ омадааст ва ба шаффофияти он эътимод дорад. Дар оянда шарқшинос шуданист, мехоҳад ба омӯзиши фарҳанг ва таъриху тамаддуни халқҳои олам камар бандад. 
Аз суҳбат бо иштирокдорон маълум гардид, ки як қисми онҳо пас аз мутолиаи асарҳои бадеиву азбар намудани ашъори ноб, мехоҳанд дар оянда ба эҷодкорӣ машғул гарданд, вале Файзулло Нафиса, хонандаи синфи 11, мактаби рақами 14, шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба шеъру шоирӣ ҳавас дошта бошад ҳам, аммо дар оянда табиб шуданист. 
-Агар табиб сермутолиа бошаду бо сухан, шеъру мақолу зарбулмасал ва дигар ашъори ноби классикони адабиётамон ба дармондагон дармон бахшад, бад аст магар? - мегӯяд ӯ. -Дар даври ниҳоӣ ширкат карданро Нафиса худ як навъ ғолибият медонад, зеро ба суолҳои ҳакамони сахтгир ҷавобҳои саҳеҳ додану онҳоро қонеъ гардондан ҳам кори саҳле нест. 
Нафиса соли дуюм аст, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбад. Имсол низ бо мақсади дар номинатсияи адабиёти классикӣ қувваозмоӣ намудан ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтааст. Бо ин мақсад 140 ғазал, 140 рубоиву дубайтӣ, 130 қасида, 140 байт аз анвои дигари шеърӣ, 150 шоҳбайт азбар намудааст. Вай мегӯяд, барои ширкат кардан дар озмун таҷрибаи кофӣ дорад, хотирааш ӯро фиреб нахоҳад дод ва мутмаин аст, ки соҳиби баҳои ҳаққонии ҳайати ҳакамон мегардад. Номбурда аз он изҳори шодмонӣ намуд, ки дар ёфтани китобҳо ва адабиёти тавсияшуда чандон душворӣ намекашад, зеро дар ин роҳ устодаш Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ва волидонаш кумак мерасонанд. Ҳоло китобхонаи шахсиашон бештар аз 500 нусха китобро дарбар гирифтаасту аз онҳо ҳама аҳли оилаашон ба таври доимӣ истифода мебаранд.
Нозанин Умарова, хонандаи синфи 6, гимназияи рақами 2, шаҳри Бӯстон ҳам аз ҳаммаслаконаш қафо монданӣ нест. Бино ба ақидаи ӯ, ба қироат ва омӯзиши асарҳои ниёгон шавқи беандоза дорад. 
- Дар озмуни даври шаҳрӣ дар шаҳри Хуҷанд бо Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев вохӯрда, он касро ба худ ҳамчун мураббӣ дар роҳи интихоби асарҳо ва омӯзиши онҳо устод пазируфтам, - мегӯяд ӯ. - Он кас розӣ шуданд ва мисли дугонаам Нафиса аз донишу малака ва таҷрибаи бойи устод ҳангоми омӯзиши асарҳо истифодаи фаровон бурдем. Устодамон барои дастрас намудани асарҳои тавсияшуда ва дилхоҳамон аз китобхонаҳои гимназияи худамон, шаҳрӣ ва вилоятӣ ба мо ёрии худро расониданд. 
Нозанин, ҳамчунин, иброз дошт, ки аҳли оилаашон аз ҳафт нафар иборатанд ва маҳз аз соли эълон шудани ҳамин озмун онҳо бештар ба китобу китобхонӣ майл кардаанд. 
-Ин падидаи басо хуб аст, ки маҳз Роҳбари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳ ва мусоидати бевосита намудаанд. Охир, мардуми мо аз азал ба китоб меҳр дошт ва он мисли нон барояш азиз аст, - иброз медорад Нозанин. -Мутаассифона, солҳои охир ба ин масъала кам таваҷҷуҳ мекардагӣ шудем ва пас аз эълони озмун тарғиби китоб ривоҷу равнақи тоза гирифт. 
Модари Нозанин дӯзандаи чирадаст ва падараш корманди соҳаи бонкдорист, вале ба иқрори Нозанин, бори аввал ӯро бибиаш, ки корманди соҳаи тибби ҳарбист, ӯро аз эълони чунин озмуни бонуфуз хабардор намуд. Бибиаш пас аз 25 соли фаъолияти корӣ ҳоло дар нафақа аст ва дар ин озмун Нозанинро ҳамроҳӣ менамояд. 
- Ман дар даври вилоятӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, ҳарифам танҳо бо ним холи зиёд ҷойи аввалро соҳиб гардид. Хайр, ҳеҷ гап не, озмун озмун аст, асло рӯҳафтода нестам, кӯшиш мекунам, ки дар рақобати минбаъда ғолиб оям.
Хонандаи синфи 10 – и мактаби миёнаи рақами 94, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исломиддин Асоев бо шавқу шӯр аз шаффофияти озмун бештар ҳарф мезад. 
– Ман, - гуфт вай, - дар номинаи эҷоди назму наср ширкат меварзам. Бо ин мақсад ба ҳайати доварон 1 повест, 2 драма, 20 ҳикоя, 4 эссе, 20 тарона ва 10 латифаи эҷоднамудаи худро пешкаш намудам. Ба тасдиқи ҳайати доварон, маҳсули эҷодам бад нест, дар баробари ин, онҳо аз ман оид ба сатҳи донишам доир ба адабиёти муосир саволҳо доданд. Барои иштирокчии фаъол ҷойи ифтихорӣ доданд ва соҳиби сертификат гардидам. 
Маълум гардид, ки Исломиддин ҳанӯз ҳангоми дар синфи ҳафтум таҳсил карданаш ба эҷод машғул гардидааст, вале соли дуюм аст, ки дар ин озмун ширкат меварзад. Соли гузашта дар номинаи адабиёти кӯдакону наврасон иштирок карда, то озмуни шаҳрӣ расида буд. Дар роҳи эҷод аз омӯзгори адабиёти мактаб Нарзигул Розиқова ва аз маслиҳату машварати Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам ва шоира Робияи Холмирзо баҳра бурдааст. 
Аз нақли Исломиддин маълум гардид, ки рафти кори озмун ба ӯ басо писанд аст, зеро он шаффоф мегузашт. – Ман, ҳамчун эҷодкори навқалам, ҳайати доварони номинаро, ки дар он ширкат варзидам, ба хубӣ мешиносам, бо эҷодиёташон шиносам. Ҳангоми баргузорӣ ҳайати ҳакамони озмун, устодон А. Муродӣ, С. Икромӣ, Ю. Юсуфӣ, Б. Муродӣ, М. Ёрмирзоева бо ҳар як иштирокчӣ муносибати хуб доштанд, ки ин басо муҳим аст. 
- Дар оилаамон чор фарзандем ва ҳама ба китобу китобхонӣ шавқи беандоза дорем, - мегӯяд Исломиддин. – Моро дар хона ба ин кор бештар модарамон, ки худашон хатмкардаи факултети филологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошанд, роҳнамоӣ менамоянд. Соли оянда низ мехоҳам, ки дар ин озмун ширкат варзам. 
Мадина Сафарова, хатмкардаи факултаҳои филологияи тоҷик ва молия ва иқтисоди ДМТ аст. Айни замон ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 18 – и ноҳияи Данғара фаъолият мекунад. Ӯ соҳиби ду фарзанд – Ҳумайнӣ ва Динара мебошад. Вақте ки фарзанди калонӣ – Ҳумайнӣ дар синфи сеюм мехонд, дар номинаи адабиёти бачагона ширкат варзида, ҷойи ифтихориро соҳиб гашта буд. Ҳоло ӯ хонандаи синфи ҳафтум буда, барои иштирок дар озмуни «Тоҷикон» - дар оинаи таърих» тайёрӣ дида истодааст. Вай соли гузашта дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннии забони русӣ ҷойи ифтихориро ишғол кард. Акнун имсол ин омӯзгори фаъол фарзанди дигараш – Динара Кароматзодаро барои иштирок дар номинаи адабиёти классикӣ ба даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳидоят намудааст. 
-Падари Динара корманди ҳифзи ҳуқуқ буда, рости гап, серкор аст ва банда ҳамчун омӯзгор ва ҳам модараш ба духтарамон кумак мерасонам, - иброз медорад М. Сафарова. - Динара дар синфи панҷум мехонад ва соли чорум аст, ки иштирокчии ин озмун аст. Вай имсол 130 ғазал, 120 рубоӣ, 10 байт қасида, 500 байт аз достонҳои классикӣ ва 100 байт аз дигар навъҳои шеъриро азбар намудааст. Дар дарёфти асарҳои бадеӣ чандон танқисӣ намекашем. Аз китобхонаҳои мактабию ноҳиявӣ, вилоятӣ ва аз китобхонаи шахсии худамон, ки дорои бештар аз 400 нусха китоб аст, истифода менамоем. Хушбахтем, ки ҳарду фарзандамон одобу ахлоқ ва фаҳмиши хуб дошта, гирандагони стипендияи раиси вилоят мебошанд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо чанд тан аз ҳакамони номинаҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамсуҳбат гардида, доир ба рафти ин ҳамоиш иттилоъ гирифтем.
Равшани Махсумзод, нависанда, раиси ҳакамони номинаи «Адабиёти муосир»:
- Боиси хурсандист, ки сол то сол теъдоди иштирокдорони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» меафзояд. Ин, албатта, хуб аст, Маълум мегардад, ки мардум рӯз ба рӯз ба китобу китобхонӣ бештар таваҷҷуҳ мекунанд, ба ин васила, дониши худро низ мукаммал мегардонанд. Имсол ба даври чоруми озмуни мазкур, ба номинаи адабиёти муосир 92 нафар пешниҳод гардидаанд. Мо, ҳайати ҳакамон, тибқи Низомномаи озмун амал карда, бо довталабон вобаста ба адабиёти азбаркардаашон суолу ҷавоб намуда, ба онҳо баҳои муносиб мегузорем. Муҳим аз ҳама он аст, ки ҳеҷ гуна фишор ба ҳайати ҳакамон вуҷуд надорад ва ҳар кадом узви ҳакам аз рӯйи инсофу адолат амал намуда, ба ҷавобҳои довталабон баҳои муносиби хешро мегузоранд. 
Азизи Азиз, нависанда, раиси ҳакамони номинаи «Адабиёти кӯдакон»:
- Ҳар бегоҳ тавассути оинаи нилгун аз ҷараёни кори озмун ба мардум иттилоъ дода мешавад. Ҳама шоҳиданд, ки ширкатдорони имсола нисбат ба соли гузашта ҳам зиёд ва ҳам фаъоланд. Бачаҳо сермутолиа шудаанд. Баъзан нозуктарин лаҳзаҳои ин ё он ҳикояву шеър, қиссаву достонҳоро бе душворӣ гуфта метавонанд. Хотираи онҳо қавӣ гаштааст, ки албатта, ин аз сермутолиа будани онҳо гувоҳӣ медиҳад. Акнун узви ҳайати ҳакамонро ҳам зарур аст, ки худашон низ бештар мутолиа кунанд, то дар ҳалли саволҳо дарнамонанд ва саволҳои мушаххас дода тавонанд. 
Чизи дигар. Баъзеҳо андеша доранд, ки шояд довталабон маблағро фикр карда, танҳо ба ҳамин хотир дар озмун иштирок мекунанд. Аммо ман фикр мекунам, ки ин андеша тамоман ғалат аст. Ҳар кор бояд арзиш ва подоше дошта бшад. Чунин тасмимгириҳо аз ҷониби Пешвои миллат басо рамзӣ ва саривақтист. Иштирок дар ҳамаи номинаҳо озод буда, шаффоф мегузарад. Ҳар ки иштирокчии озмун аст, худаш инро баръало эҳсос мекунад. 
Ҳайдар Таваккалов – номзади илми филологӣ, устоди ДДХ ба номи М. Назаршоеви шаҳри Хоруғ:
- Довталабон хеле зираку чаққонанд. Ба саволҳои додашуда мехоҳанд посухҳои муътамад бидиҳанд. Табиист, ки асари хондашуда ба таври пурра дар хотири кас намемонад. Саволҳои пайдошуда ҳама дар асоси асарҳои пешниҳодгардидаи худи довталабон пурсида мешаванд. Чӣ илоҷ, озмун озмун аст ва дониши довталабон ҳам нисбист. Мо ҳамеша ба он мекӯшем, ки ин чорабинии муҳими ҷумҳуриявӣ шаффоф гузарад, зеро вақту замон худ довари ҳақ аст.  
Ҳангоме мо ба толоре, ки довталабон, падару модарон ва хешону пайвандони онҳо дар он аз монитор раванди озмунро дар номинаи «Адабиёти кӯдакон» тамошо мекарданд, ворид шудем, масъули баргузории озмун, бонуи кушодачеҳраю хушсухан ба ҳозирин рӯ оварда, аз рӯйхат ному насаби онҳоеро, ки аз шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ имрӯз дар номинаи мазкур иштирок мекарданд, як-як хонда, чун мутмаин мешуд, ки эшон дар толоранду мунтазири ба озмун ворид шудану донишу маҳорати худро санҷидан ҳастанд, қаноатмандона сар меҷунбонд. Иштироки довталабон тавассути қуръапартоӣ ба роҳ монда мешуд. Бояд зикр намуд, ки дар озмун аз номинаи «Адабиёти кӯдакон» дар умум, 97 нафар, аз ҷумла, синфҳои 1-4-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 29 нафар, синфҳои 5-11 30 нафар, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ 20 нафар, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун 18 нафар иштирок ва қувваозмоӣ хоҳанд кард. Аз фурсат истифода бурда, бо чанд нафар довталаб, волидону омӯзгороне, ки онҳоро ҳамроҳӣ ва ҳаводорӣ мекарданд, ҳамсуҳбат гардидем. Омина Сафарова, хонандаи синфи 6-и литсейи давлатии №1, шаҳри Бохтар буда, соли дувум аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунад. Соли гузашта дар се даври озмун ғолибият ба даст оварда, дар даври ниҳоӣ иштирок намуд, аммо соҳиби ҷой нагардидааст.
-Ман мушоҳида кардам, ки озмун дар даврҳои ноҳиявию вилоятӣ шаффоф гузашта, ҳакамон ба маҳорату ҳунар ва дониши мо баҳои одилона гузоштанд, -мегӯяд А.Сафарова ва меафзояд, ки бо он мақсад дар озмун ширкат меварзад, ки донишу андӯхтаҳояшро бисанҷад. Дар қиёс бо дигар довталабон лаёқату фаҳмишаш дар кадом сатҳ қарор дорад? Дар ин самт ба ӯ омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсей Алишер Абдураҳмонов, ки собиқаи 12-солаи корӣ дорад, дар дарёфту мутолиаи осори бадеии назмию насрии дар Низомномаи озмун пешниҳодшуда мадад расондааст. Ба таъкиди модари Омина, вай духтари фаъолу кӯшо, ҷӯяндаву лаёқатманд буда, ба мутолиаи осори бадеӣ, хусусан, адабиёти кӯдакон шавқу рағбати зиёд дорад. Хонандаи синфи 8-и литсейирақами 2, шаҳри Душанбе Мадина Ҳакимова соли чорум аст, ки дар озмун иштирок мекунад ва маҳорату лаёқати хуб нишон дода, дар ин муддат то даври ниҳоӣ баромадааст. Аз нақли Мадина маълум гардид, ки вай донову пурхонда буда, ба ҷуз озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар озмуни «Ҳофизхонӣ» ширкат намуда, дар даври ноҳиявӣ ҷойи дуюм ва шаҳрӣ ҷойи сеюмро соҳиб шудааст. Ҳамчунин, номбурда дар озмуни «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» шеърҳои шоирон Низом Қосим ва Шаҳрияи Аҳтамзодро ифоданок қироат намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст. Дар масъалаи омода намудани Мадина ба озмунҳои гуногун, аз ҷумла, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсей Ҷамолиддин Сироҷиддинзода ва модараш Таҳмина Ғафурова, ки ба сифати муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, саҳми калон гузоштаанд.
-Ман, -мегӯяд Мадина Ҳакимова, аз рӯйи талаботи Низомномаи озмун пурра омода шудаам, тамоми осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа кардаам. Ба худ бовар дорам, ки дар даври ниҳоӣ, албатта, пирӯзӣ ба даст хоҳам овард. Хонандаи синфи 6-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ноҳияи Восеъ Нурбону Расуловаро модараш Дилбар Фатҳиддинова ҳамроҳӣ мекунад. Нурбону низ соли чорум аст, ки дар озмун фаъолона иштирок мекунад. Се сол дар даври мактабию ноҳиявӣ дастболо шуда, дар даври вилоятӣ ширкат намудааст, вале шаҳди ғолибиятро начашидааст. Имсол, хушбахтона, дар даври вилоятӣ пирӯз гардидаву дар даври ниҳоӣ иштирок мекунад. Ба таъкиди Нурбону, вай ба озмун омодагии ҷиддӣ дида, 300 китоби насриро мутолиа ва 5000 мисраъ шеър, аз ҷумла, 500 мисраъ аз достонҳо, 100 зарбулмасал, 50 чистон, 50 латифа ва 50 тезгӯякро хондаву азбар кардааст. 
–Нурбону адабиётро дӯст медорад, аз қавле, рӯзе шеъре ё ҳикояеро нахонад, он рӯз худро нороҳат ҳис мекунад, -мегӯяд модараш ва меафзояд, ки дар ин роҳ ба ӯ дар радифи омӯзгори заҳматкаши муассиса Ҷӯрахон Мавлонов, падараш Тоҳир Расулов, ки соҳибкори муваффақ мебошад, кумак мерасонад. Агар Нурбону қисме аз асарҳои бадеиро аз китобхонаи мактабиву ноҳиявӣ дарёфт ва мутолиа карда бошад, бархеи дигарро падараш аз мағозаҳои китоб харида, ба ӯ туҳфа кардааст. Нурбону, ба эҷоди шеър низ машғул мешавад ва чакидаҳои хомааш дар нашрияҳои «Пайрав» (замимаи ҳафтаномаи «Омӯзгори»-и Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ), «Навиди омӯзгор»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ зуд-зуд ба табъ мерасанд. Нурбону имсол бо он нияту ҳадаф қадам ба Душанбеи нозанин гузоштааст, ки ҳатман аз шаҳди пирӯзӣ ком ширин намояд. Дигар аз иштирокчии озмун, хонандаи синфи 7-и МТМУ №97-и шаҳри Ҳисор Эҳромҷони Парвиз маҳсуб меёбад, ки соли дуюм ҳамчун довталаб ҳунару маҳорати худро санҷидан мехоҳад. 
-Соли гузашта дар даврҳои ноҳиявию минтақавии озмун иштирок карда, ҷойи сеюм, имсол бошад, ҷойи дуюмро соҳиб гардидам, -изҳор дошт Эҳромҷон ва тавзеҳ дод, ки тақрибан 230 шеъру ғазал аз ёд ва 30 асари насриро мутолиа кардааст. Ҳамчунин, рубоию достон, тезгӯяку чистонҳои зиёде ва дар умум, 7000 мисраи шеъриро азёд кардааст. Дар тарбияи маънавии довталаб падараш Парвиз Ёров, ки соҳибкор мебошад, омӯзгори коллеҷи шаҳри Ҳисор Зиёвиддин Бӯриев, модаркалонаш, ки дар синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд, ҳиссаи босазо гузоштаанд. Мижгона Ӯзбекова, хонандаи синфи 8, мактаб-интернати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соли чорум аст, ки дар озмун ширкати фаъолона дошта, то сатҳи вилоятӣ баромадааст. Имсол дар даври вилоятӣ ҷойи сеюмро ишғол карда, инак, боиси ифтихори ӯст, ки дар даври ниҳоӣ иштирок мекунад. Ҳароина, эътимоди комил дорад, ки дар ин давр яке аз ҷойҳои аввалро соҳиб хоҳад шуд. Дар толоре, ки он ҷо волидон, хешону пайвандон, омӯзгорону устодони довталабон аз номинаи «Адабиёти муосир» ҳузур доштанд, низ тавассути монитор маҳорату дониши довталабон дар назди ҳакамон намоиш дода мешуд. Бояд хотиррасон намуд, ки дар номинаи адабиёти муосир 92 нафар довталаб иштирок ва сабқат мекунанд. Мутрибаи Муборакшо, хонандаи синфи 8, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Файзобод буда, ӯро дар озмун падараш Муборакшо Раҳмонов, омӯзгори мактаби мазкур ҳамроҳӣ мекунад.
-Мутриба соли сеюм аст, ки дар озмун аз номинаи «Адабиёти муосир» иштирок мекунад, -мегӯяд М.Раҳмонов. Соли аввал дар даври минтақавӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид, соли сеюм дар даври ниҳоӣ иштирок кард, аммо пирӯзӣ ба даст наовард. Имсол, хушбахтона, дар даври минтақавӣ сазовори ҷойи аввал гардид ва тавре мебинед, дар даври ниҳоӣ ширкат мекунад. Мутриба асарҳои дар Низомномаи озмун пешниҳодшударо, ки аксари он осорро аз фурӯшгоҳҳо харида будам, хонда, ашъори шоирони муосирро аз бар намудааст. Вай 100 ғазал, 62 шеър, 160 рубоию дубайтӣ, 7 достон, 204 асари насрӣ (37 роман, 45 повест ва 110 ҳикоя)-ро мутолиа кардааст. Мутриба мақсад дорад, ки оянда ба донишгоҳ дохил шуда, журналист мешавад. Хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд Имоммуҳаммад Имомов соли чорум аст, ки дар озмун иштирок дорад. Соли равон дар озмуни вилоятӣ ҷойи сеюмро ишғол карда, иштирокчии даври ниҳоӣ дар номинаи «Адабиёти муосир» гардидааст. Ба Имоммуҳаммад омӯзгори ДДХ ба номи Б.Ғафуров Наргиса Раҳимова дар дарёфту мутолиаи осори адибони муосир кумак расонда. Ба таъкиди довталаб, вай 100 ғазал, 120 рубоӣ, 100 байт, 150 байт аз достонҳо (дар кул 10 достон)-ро азёд ва 10 роман, 30 повест, 3 очерки бадеӣ, 4 асари ёддоштӣ, 2 драма, 60 ҳикояро мутолиа кардааст. И.Имомов дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил намуда, орзу дорад, оянда духтур хоҳад шуд. Бад-ин тариқ, хонандаи синфи 10-и литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе Гулбарги Камолиддин имсол дар даври шаҳрӣ аз номинаи адабиёти муосир соҳиби ҷойи якум гардида, ба даври ноҳявӣ роҳхат гирифтааст. Гулбарг 200 асари насриро мутолиа ва 140 шеър аз ёд кардааст. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсей Муруватшо Анваров қобилияти сухандонию шеърфаҳмии шогирдонашро эҳсос карда, дар тарбияи маърифатии ӯ басо ранҷ кашида, барои сабқат дар озмун таҳрикаш дода. 
-Барои дар озмун иштирок кардану пирӯзӣ ба даст овардан ҳамвора ба Китобхонаи миллӣ омада, асарҳои тавсияшудаи Низомномаро мутолиа мекардам, -мегӯяд Гулбарг ва илова мекунад, ки вай дар аксар озмунҳо, аз ҷумла, озмун-фестивали китобҳои кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ соли ҷорӣ иштирок карда, дар номинаи «Ҷавҳари сухан» дар қироати ифоданоки шеър сазовори ҷойи якум гардидааст. Дар қабати нуҳуми бинои Китобхонаи миллӣ озмун дар номинаи «Адабиёти классикӣ» ҷараён дошт. Дар толори берунӣ бо волидону омӯзгорон ва довталабон вохӯрда, суҳбат оростем. Хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансур Аҳмадҷон Аймаҳмадов изҳор дошт, ки соли дуюм аст, дар озмун иштирок мекунад. Соли гузашта дар даври шаҳрӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардида буд. Аҳмадҷон хонандаи соҳиблаёқат, сермутолиа ва донишандӯхта буда, гирандаи стипендияи Президентӣ мебошад. Вай, инчунин, дар озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардидааст. Дар озмуни «Шоҳномахонӣ» иштирок ва ғолиб дониста шудааст.
-Ман аз хурдӣ ба ашъори шоирони классики форсу тоҷик таваҷҷуҳ ва меҳру муҳаббати хоса доштам. Бародаронам ашъори шоирони гузаштаи форсу тоҷикро қироат мекарданду ман завқ мебурдам. Ҳоло бо тайёрии пухта ба даври ниҳоӣ омадаам. Зиёда аз 100 ғазал ва 2000 байт азёд кардаам. Мо дар хона китобхонаи шахсӣ дорем. Падарам пизишканд, соҳибмаърифату равшанфикр. Аксари китобҳоро аз фурӯшгоҳҳо харидем, аз ҷумла, 30 ҷилд осори насри муосирро, -гуфт дар хотима Аҳмадҷон Аймаҳмадов.
Аз ноҳияи дурдасти Нуробод хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, Ҷамоати деҳоти Сафедчашма Сангакзода Муҳаммад Ҳусейн барои иштирок дар даври ниҳоӣ дар озмун аз номинаи «Адабиёти муосир» ба пойтахт омадааст. Соли дуюм аст, ки дар даври ниҳоии озмун иштирок мекунад. Соли гузашта низ дар даврҳои ноҳиявию минтақавӣ ғолибиятро ба даст оварда, дар даври ниҳоӣ ширкат намуда, соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардида буд.
-Устодам Мирхӯҷа Мирзобеков, ки собиқаи 30-солаи корӣ дорад, доимо пандам медиҳад, ки одам дар озмун як маротиба шикаст хӯрд, набояд навмеду руҳафтода шавад, -мегӯяд Муҳаммад Сангакзода. Аз ин рӯ, ман бо азму саъй ва иродаи қавӣ дубора дар озмун иштирок карда истодаам. Тӯли як моҳ дар Китобхонаи миллӣ осори бадеии адибони муосирро мутолиа намудам ва ба озмун омодагӣ дидам. Ба тасдиқи Муҳаммад, вай шеъри фаровоне аз ёд кардааст. Танҳо аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ 120 байт аз бар намудааст. Падараш Ҳусейн Сангаков, заргари соҳибҳунарест, ки маърифати баланд дошта, китобҳои зиёдеро аз дукону фурӯшгоҳҳо барои мутолиаю омӯзиши фарзандонаш харидааст. Хонандаи синфи 11-и МТМУ №10, аз ноҳияи Тоҷикобод Абдулло Аброров иштирокдори соли дуюми озмун ба шумор рафта, дар даври минтақавӣ ғалаба ба даст оварда, ҳамакнун талош меварзад, то дар даври ниҳоӣ пирӯз гардад. Дар ин ҷода ба ӯ омӯзгорони варзидаи таълимгоҳ Порсохӯҷа Баҳоров ва Суҳроб Ваҳҳобов ҳамаҷониба мадад расондаанд. Абдулло 1500 байт, 70 рубоию дубайтӣ ва 115 ғазал аз ёд кардааст. Аз довталаб, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №109, шаҳри Ваҳдат Муаззамаи Фахриддин пурсидем, ки чаро вай маҳз номинаи адабиёти классикиро интихоб кардааст? Ӯ гуфт, сабку услуби эҷодии шоиру нависандагони классики форсу тоҷик барояш мақбулу писанд аст. Муаззама низ соли гузашта, то ба даври ниҳоӣ баромада, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст. Мегӯяд, 150 ғазал, 220 рубоӣ, 500 байт аз достонҳо, 100 байт аз дигар анвои шеърӣ хондаву азёд ва ҳамчунин, 58 асари насриро мутолиа кардааст. Падараш, сарвари мактаби №109-и шаҳри Ваҳдат барои иштироки Муаззама дар озмун тамоми шароитро муҳайё намудааст. Дар даври минтақавии озмун, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардида буд, Муаззамаи Фахриддин сазовори ҷойи якум ва ғолиб баромадааст.
Бояд таъкид кард, ки иштироки довталабон дар номинаи адабиёти ҷаҳон низ касро хушҳол накарда намемонд. Минҷумла, хонандаи синфи 8-и МТМУ №50-и ноҳияи Рӯдакӣ Фариса Холиқова соли аввал аст, ки дар озмун ширкат мекунад. Вай дар даври минтақавӣ ҷойи сеюмро ишғол карда, ба иштирок дар даври ноҳиявӣ роҳ ёфтааст.
-Ба ман баҳри иштирок дар озмун омӯзгорони синфи ибтидоӣ Фарҳод Ҳакимов ва забони русӣ Хуршеда Мирзоева мусоидат ва кумак намуданд, -иброз дошт Фариса ва тавзеҳ дод, ки китобҳоро аз китобхонаи мактаб ва китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба номи Мирсаид Миршакар дарёфт ва мутолиа намудааст. Номбурда зиёда аз 115 асари насрии нависандагони ҷаҳон ва тақрибан 4000 мисраъ шеърро аз бар кардааст. Ҳамин тавр, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансур Дилноза Бобошоева соли якум аст, ки дар даври ниҳоии озмун иштирок мекунанд.
-Ман барои он дар номинаи «Адабиёти ҷаҳон» иштирок мекунам, ки забони русиро хеле хуб медонам ва осори адибони ҷаҳонро бештар бо ин забон мутолиа мекунам, -мегӯяд Дилноза ва меафзояд, ки барои ман омӯзиши асарҳои шоиру нависандагони ҷаҳон шавқовар менамояд. Меҳру муҳаббати адабиёти ҷаҳонро дар дили ман омӯзгори нахустинам Камолиддин Сироҷов, муаллимони забони русӣ Шаҳло Саидзода ва Заррина Искандарова бедор намудаанд. Дилноза гирандаи стипендиаи Президентӣ, иштирокчии озмуни «Экология» буда, дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи якум гардидааст. Ҳамзамон, дар озмуни сатҳи минтақавӣ аз забон ва адабиёти рус маҳорату дониши хуб нишон дода, ҷойи дуюмро ишғол кардааст. Омодагии ҳамаҷониба дида, 134 китоби насриро мутолиа ва 1000 байт азёд кардааст. Инчунин, драмаю ҳикоя ва повесту романҳои зиёди адибони ҷаҳонро мутолиа намудааст. Дар номинаи «Эҷоди назму наср» дар маҷмуъ, 90 нафар иштирок мекунанд, ки тибқи Низомнома 1 қисса, 5 ҳикоя, 2 эссе ва драмаҳои таълифнамудаи худро дар наср ва ашъори сурудаашонро дар номинаи назм пешниҳоди ҳакамон карда истодаанд. Хурсандиовар аст, ки дар озмун комиссияи аппелятсионӣ вобаста ба ҳамаи намуди номинаҳо амал мекунад, ки вазифаи он бознигарии маҳорату дониши довталабоне мебошад, ки аз баҳои додаи ҳакамон норозӣ буда, бо ариза ба раиси комиссияи умумиҷумҳуриявии озмун муроҷиат намудаанд. Ҳайати комиссияи аппелятсионӣ вазифаи худро ба таври огоҳона, ҳамаҷониба иҷро карда истодааст. Дар ҷараёни озмун бо ҳайати ҳакамони номинаҳо ва намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳамсуҳбат гардидем. Аз ҷумла, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода таассуроту бардошти худро аз иштироки довталабони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври зайл иброз намуд:
-Чанд сол қабл аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар қаламрави вилояти Хатлон бо иқдоми раёсати маорифи он озмунҳои «Ҳофизхонӣ», «Бедилдонӣ», «Камолхонӣ», «Лоиқхонӣ», «Китобхони беҳтарин» ва амсоли инҳо ба роҳ монда шуда буд, ки заминаи муътамаде ҷиҳати омӯзишу мутолиаи бардавоми толибилмон маҳсуб ёфта иштироки муташаккилонаи хонандагонро дар озмун муҳайё намуд. Бо дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардид, чун дар дигар минтақаҳои кишвар, дар вилояти Хатлон ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард. Бояд қайд кард, ки дар даврҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва вилоятӣ озмун дар сатҳи баланд баргузор гардида, хеле муассиру хотирмон ҷамъбаст мешавад. Дар муқоиса бо солҳои қаблӣ фарогирӣ ва иштироки довталабон муташаккилонаю фаъолона мебошад, ба хусус, дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят. Соли ҷорӣ дар даври вилоятии озмун беш аз 4000 довталаб дар минтақаи Бохтару Кӯлоб иштирок ва маҳорату лаёқати худро ба намоиш гузоштанд. Дар ҳамаи номинаҳои озмун беҳтарин донандагони китоб, ихлосмандони назму наср, падидаҳо ва чеҳраҳои воқеан, соҳибмаърифат баъд аз ҷамъбасту натиҷагирӣ муайян гардиданд. Ба даври ниҳоии озмун 95 довталаб аз вилоят роҳхат гирифта, фаъолона иштирок карда истодаанд. Бо иқдоми раёсати маорифи вилоят, бо мақсади огаҳии бештари хурду бузург аз озмуни баргузоршудаистода бо теъдоди 2000 нусха Низомномаи озмун чоп ва дастраси довталабони зинаи аввали озмун гардонида шуд. Ҳамзамон, 2000 диски маҷмуи китобҳои электронии бадеӣ (1000 нусха) ба довталабон ройгон интиқол гардид. Тавре маълум аст, озмун то санаи 18-уми декабри идома хоҳад ёфт. Айни ҳол довталабон бо азму саъйи комил дар озмун маҳорату дониши худро нишон дода, ҳар яке бо ҳазор орзую умед мунтазири он рӯзест, ки исмашро дар радифи ғолибон эълон намоянд. Эътимоду боварӣ, иродаю талош ва руҳи барозандаи ҳар як довталаб гувоҳи омодагии ҳамаҷонибаи эшон ба даври ниҳоии озмун мебошад. Ҷамъбасту натиҷагирӣ нишон хоҳад дод, ки бахт ба рӯйи кадоме аз иштирокдорон хандидаасту вай сарбаландона ба истиқболи ин бахти бузург мешитобад…
Бояд гуфт, ки имсол ба даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи шаш номина – адабиёти кӯдакон – 97 нафар, адабиёти классикӣ – 95, адабиёти муосир – 92, адабиёти ҷаҳон – 68, адабиёти эҷоди назму наср (бахши назм) 50 ва адабиёти эҷоди назму наср (бахши наср) 40 нафар, ҷамъ 442 нафар роҳ ёфтанд. Албатта, пас аз суолу ҷавоб байни довталабону ҳайати ҳакамон беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва «Шоҳҷоиза» мегарданд. Мо ба ҳамаи ширкатдорони озмун барор хоста, дар шумораи ояндаи нашрияамон аз ҷамъбасти ин озмуни бонуфуз иттилоъ хоҳем дод.
 
Шодӣ Раҷабзод,
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»