Гузоштани санги асос барои сохтмони 3 муассисаи таълимӣ

28-05-2019
Рӯзи 27-уми майи соли 2019 бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, вазоратҳои маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин ва ширкати хитоии «Синохайдро» бо гузоштани санги асос барои сохтмони муассисаи таълимии №16 барои 640 ҷойи нишаст дар маркази ноҳияи Данғара, сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Леваканд ва Бохтари вилояти Хатлон оғоз бахшида шуд.
Лоиҳаи сохтмони муассисаҳои мазкур аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абрис» омода гардида, фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи амалигардонии лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии Hepӯгоҳи барқи обии Сарбанд аз ҳисоби ширкати Хитоии «Синохайдро» сохта мешаванд.
Муассисаи таълимии №16 дар маркази ноҳияи Данғара аз 24 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона барои 80 ҷой ва толори варзишӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.
Лоиҳаҳои дар шаҳрҳои Леваканд ва Бохтар татбиқшаванда аз 13 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, китобхона бо толори хониш, толори маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 48 ҷой ва толори варзишӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат мебошанд.
Аз рӯйи нақша муассисҳои мазкур бояд соли 2021 дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шаванд.





Аҳмадшои МАСЪУД