ХАТМИ МАКТАБ БО МЕДАЛҲОИ ТИЛЛО ВА НУҚРА: ДОНИШОЗМОИИ ДОВТАЛАБОН ОҒОЗ ГАРДИД

22-07-2024
Имрӯз, 22 июли соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе озмуни “Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра” баргузор гардид. Дар озмун 118 нафар хонандагон аз ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар иштирок карда, барои ба даст овардани аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра донишозмоӣ намуданд.
Дар ифтитоҳи чорбинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баромад намуда, таъкид дошт, ки танҳо хонандагони болаёқату соҳибистеъдоде метавонанд аттестати аълои универсалӣ ва равиявиро бо медалҳои тилло ва нуқра ба даст оранд, ки ҳамаи фанҳои барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро дар сатҳи аъло аз худ намудаанд.
Тибқи Низомномаи ин озмун дар он хонандагоне иштирок карда метавонанд, ки синфи 9-умро бо аттестати аъло ва имтиҳонҳои синфи 10, 11-ро бо баҳои 5 ва рафтори намунавӣ хатм кардаанд.
Озмуни мазкур ду бахшро дар бар гирифта, дар бахши аввал довталабон аз фанҳои забон ва адабиёт ва риёзиёт имтиҳон супориданд. Қарор аст, ки дар идомаи озмун довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 12 фанни таълимӣ ва довталабони аттестати аълои равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 6 фанни таълимӣ имтиҳон супоранд. Натиҷаи озмун баъди ҷамъбасти холҳои ниҳоии довталабон муайян карда мешавад.
Мавриди қайд аст, ки барои гузаронидани санҷишҳои фаннӣ бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимони шинохта ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар комиссияҳои фаннӣ таъсис дода шудаанд.