ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ КИШВАР САФАРБАР МЕШАВАНД

04-05-2024
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими тақсимот ва сафарбарнамоии донишҷӯёни хатмкунандаи курсҳои 4-ум ва 5-уми ихтисосҳои омӯзгорӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Саидзода Ҳикматулло, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Садафмо, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯриро Айнуллозода Наҳтулло муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ намуда, бо 448 нафар донишҷӯёни курсҳои 4-уму 5-уми ихтисосҳои омӯзгорӣ, ки аз ин теъдод 144 нафар тибқи квота ва 304 нафар тариқи буҷавӣ таҳсил менамоянд, мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ Айнуллозода қайд кард, ки ки маҳз фаъолияти омӯзгорӣ ҷавононро бо рисолати муқаддаси омӯзгорӣ ошно месозад ва имкон медиҳад, ки малакаву маҳорат ва донишҳои андӯхтаи худро такмил диҳад.
Саидзода Ҳикматулло,сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафарзода Садафмо, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин замина, зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки фаъолияти хатмкунандагон ба ҳайси омӯзгор тақозо менамояд, ки масъулин назорати ҳамешагиро бо омӯзгорони ҷавон ба роҳ монда, ҳамкориро бо мактабҳои миёна мустаҳкамтар намоянд.