ХИРАДМАНД ҲАРГИЗ НАКӮШАД БА ҶАНГ!

22-09-2022
Вусъати сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ Ҷаҳони муосир хеле мураккаб, печида ва пурҳаводис аст. Махсусан, авҷ гирифтани зиддиятҳо байни давлатҳову минтақаҳо ва созмонҳои қудратии олам вазъро фоҷеабортар ва хеле ташвишовар кардааст. Рухдодҳои пурмоҷарои сиёсӣ дар кишварҳои арабӣ, дар Афғонистон, даргириҳо дар қисмати Аврупо аҳли башарро хеле нигарон кардаанд. 
Бо  истифода  аз  чунин  ҳолати сангин  як  зумра  неруҳои иртиҷоӣ,  террористону  экстремистон амалиёти пурзиёну тахрибкоронаи  худро  дар  манотиқи  гуногуни  дунё  пайваста  вусъат  мебахшанду  ба  нангинтарин  кирдорҳои барои  кулли  инсоният  зиёновар даст  мезананд.  Гузаштагони  хирадманди  мо  ҷангро  наҳс  хондаву онро  шадидан  маҳкум  кардаанд. Таъкид  бинмудаанд,  ки  ҷанг  бузургтарину  махуфтарин  фоҷеаи башарист, сӯзанда асту харобиовар ва  даҳшатафкан.  Мардуми  оқилу фозил зишттарин, бефарҳангтарин ва тираақлтарин афрод шахсонеро хондаанд,  ки  даст  ба  ҷанг  мебардоранд  ва  харобкорию  ҷаҳолатро пеша мекунанд: 
На дониш бошад он касро, на фарҳанг,
Ки вақти оштӣ пеш оварад ҷанг.
Соли гузашта бо ташаббусу ибтикори  ватандӯстонаву  хирадваронаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ  –  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба ифтихори  30-юмин  солгарди Истиқлоли  давлатии  ҷумҳурӣ  ба тамоми  хонадони  мамлакат  китоби  «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров  тақдим  карда  шуд. Ин китоб саропо сабақи  ватандорию хештаншиносист ва ҳувияту  ифтихори миллии ҳар яки моро тақвият мебахшад. «Тоҷикон» гувоҳи барҷаставу раднопазири он аст, ки халқи шарафманду  сарбаланди тоҷик  ҳамеша  ҳомии  Ватани  азизи худ будаасту  баҳри  ҳифзи  ҳар ваҷаб хоки он ба ҷон талош меварзидааст. Дар баробари ин тоҷикон ҳамеша ба марзу буми дигарон бо эҳтиром муносибат  мекардаанд ва ҳаргиз ба мулки ғайр дастдарозие, даъвие надоштаанд. Тавсифи корномаи Спитамену Муқаннаъ ва Темурмалик, ки дар шаҳкитоби миллат -  «Тоҷикон» омадааст, моро ба оламиён чун миллати ватандӯсту ҳақиқатпарвар ва далеру шуҷоъ муаррифӣ  мекунад.  Яке аз  бузургтарин  сарватҳои маънавии мардуми тоҷик – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар баробари ғояҳои баланди меҳанпарастонааш шадидан ҷангро, мухолифатро, талошҳои  харобиоварро  маҳкум мекунад.  Умуман,  таърихи  дерину ғании халқи тоҷик саршор аз сабақ аст  ва  бозгӯи  он  аст,  ки  инсоният бояд ҳамеша ба зиндагии осоишта, ба  дӯстию  рафоқат,  ба  адлу  адолат  арҷгузор  бошад.  Аммо  афсӯс, ки  на  ҳама  гӯши  ҳикматшунаву ақли  сабақомӯз  доранд. Гурӯҳе бо ниятҳои зишту хусуматбор ва бо ҳадафҳои манфиатҷӯёна мунтазам ҳаёти осоиштаи халқҳову миллатҳову  кишварҳоро  халалдор мекунанд,  боиси  ба  миён  омадани даргириҳову  хунрезиҳо мешаванд. Ҳодисаҳое, ки ҳафтаи гузашта дар минтақаи  Исфараи сарҳади  байни Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқуъ пайвастанд,  бори  дигар  собитгари гуфтаҳои  боло  шуданд.  Таҳқиқи асли  воқеа,  баёноти  шоҳидон  ва неруҳои  воқеиятнигору  ҳақбин дарзамон муайян ва исбот карданд, ки ин зиддияти фоҷеафарҷом маҳз бо  гуноҳи  тарафи  Қирғизистон  ба амал  омадааст.  Ва  ин  бори  аввал нест,  ки  ҳамсояҳои  ғаразманди  мо чунин  рафтор  мекунанд.  Собит шудааст,  ки  нахуст  сарҳадбонони қирғиз ба сӯи марзи Тоҷикистон, ба сари  мардуми  осоишта  тирпаронӣ кардаанд.  Дар  натиҷаи  аланга  задани  оташи  ихтилофот  аз  ҳар  ду тараф  ҳам  одамон  кушта  шуданд, талафоти молӣ ба вуҷуд омад. Боз садои шевани модарон баланд шуд, молу  мулки  сокинони  минтақаҳои сарҳадиро  оташ  ба  комаш  кашид. Боз  мардуми  осоишта  ба  таҳлука омаданду  ҳаёти  муқаррариву  бонизоми  ҳамагон  халалдор  гашт. Марзбонон,  аскарону  афсарони тоҷик  ба  марзшиканони  каҷниҳод ва  саркардагони  олуда  ба  ғарази онҳо  посухи  сазовори  саривақтӣ доданд ва нагузоштанд, ки қадами нопоки онҳо рӯи марзи поки мо гузошта шавад. 
Аслан, ба гувоҳии  таърих, халқҳои  заҳматкаши тоҷику қирғиз  ба  ҳам ғаразе надоранд  ва солҳост,  ки  паҳлуи  ҳам  дӯстона, чун ҳамсояҳои аҳлу тифоқ зиндагӣ доранд  ва  ҳатто  риштаҳои хешутаборӣ  бастаанд.  Робитаҳои ҳасанаи  ин  ду  халқи  ҳамсояву ҳамсарҳад дар дарозои садаи бистум  ба  сатҳи  баланд  расида  буданд. Бисёр бузургони олами адаби тоҷику қирғиз, чун устод Турсунзодаву  Осимӣ ва Айтматову Акаев  дӯстиву  равобити  ҳасанаи ин  ду  халқро  тавсифу  ситоиш кардаанд.  Воқеан  ҳам,  мардуми одии тоҷику қирғиз дар ҳама гуна ҳолат  хайрхоҳу  дастгири  якдигар  буданду  ҳастанд,  вале  имрӯз ду  –  се  тан  аз  лидерҳои  сиёсии Қирғизистон  бо  ҳадафу  ниятҳои нопок  иғвогарӣ  пеша  карда, байни халқҳо  низоъ  бармеангезанд. Дар бисёр  аз  навиштаҳои эътирозии  воситаҳои  ахбори омма  ва  шабакаҳои  иҷтимоӣ сиёсати кинаваронаву низоъбарангези чанде аз мансабдорони воломақоми  Қирғизистон,  махсусан,  сарвари  ин  кишвар  ва  раиси КДАМ-и он маҳкум карда шуданд. Дар  дохили  худи  Қирғизистон низ  иддае аз шаҳрвандон, ашхоси соҳибмақом бар зидди амалиёти  навҷавонмардонаи қувваҳои мусаллаҳи диёрашон нисбат ба ҳамсоякишвари  Тоҷикистон  садои  эътироз  баланд  карданд.  Дар ин муноқиша,  ки  инак,  хушбахтона,  бо  қарордоди  тарафҳо  дар бораи оташбас хотима ёфт, бори дигар  сиришти  хайрхоҳонаву башардӯстонаи халки тоҷик боло гирифт ва боз ҳам исбот гардид, ки тоҷикон ҷонибдори ҳаёти осоишта ва равобити дӯстона бо ҳамагон, аз ҷумла, бо ҳамсоякишварҳо  мебошанд.  Пешвои  муаззами  халқи тоҷик,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  сатҳи  ҷаҳон  ҳамчун  сиёсатмадори  сулҳдӯсту  ваҳдатшиор эътироф шудаанд. Воқеан ҳам, Сарвари кишвари мо пайваста талош бар он доранд,  ки  ҳама гуна муноқишаву зиддиятҳо  танҳо  аз  тариқи  гуфтушунид ва табодули афкори тарафҳо роҳи ҳалли худро ёбанд. Ҳаргиз ба ҷанг, ба киною адоват роҳ набояд дод. Пешвои миллат зимни аксар суханрониҳояшон  батакрор  таъкид  мекунанд,  ки  «сулҳ  сарвати миллат аст, онро бояд ҳифз карду пос  дошт.  Танҳо  сулҳ  ҳаёти  осоиштаву  зиндагии  хушбахтонаи аҳли  башарро  таъмин  карда  метавонад. Ҷанг  бадбахтӣ  ва  рӯзи сиёҳ аст. Тоҷикон таърихан халқи сулҳпарваранд,  онҳо  натанҳо дар  пойдории  сулҳ  дар  Ватани маҳбуби  худ мекӯшанд, балки ҷонибдори онанд, ки сулҳ дар тамоми ҷаҳон ҳамеша тантана дошта бошад».
Тоҷикону  қирғизҳо  ба  ҳукми таърих  дар  ҳамсоягӣ  зиндагӣ  доранд ва аз ин рӯ, бояд байни онҳо ҳамдигарфаҳмию эҳтироми тарафайн доимо устувор бошад. Халқи тоҷик нисбат ба ҳамсояҳои хеш муҳаббату  самимият  дорад  ва  бар он  аст,  ки  муносибатҳои  ҳасанаи ҳамсоягӣ  файзбахшу бобаракат ва хушоянданд. Таманнои онро дорем, ки  дӯстиву  рафоқат  ва  сулҳу салоҳ  дар минтақаамон  ва  дар  тамоми ҷаҳон ҳамеша пойдору устувор бошад ва ҳаргиз хавфе ба осоиштагии  мардум  таҳдид  накунад. Оқилон фармудаанд:
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Бовар дорем, ки ақли солим ва  хиради  воло  дар  муносибати халқҳо ҳамеша корагар хоҳад буд.
Шодӣ САФАРОВ, 
ректори Донишкадаи 
тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 
ба номи С.Раҳимов, профессор